Раиси парлумони Туркманистон: Осиёи Марказӣ ба маркази муҳимми геополитикӣ ва иқтисодӣ табдил меёбад
Чин хостори густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Аврупо шуд
Лавров: “Агар Зеленский хоҳони дидор бо Путин бошад, бояд ба Маскав биёяд”
Хитоби Ироқчӣ ба Мертс: Дигар ҳеч мулоҳиза нахоҳем кард
Маскав аз фишорҳои зиддирусии Иттиҳоди Аврупо ба Арманистон ҳушдор дод
Хадамоти иттилооти хориҷии Русия иддао кардааст, ки Иттиҳоди Аврупо аз Арманистон хостааст ҳузури тиҷоратии Русияро дар бахшҳои стратегӣ коҳиш дода, равобити башардӯстона бо Маскавро қатъ кунад.
Ин ниҳоди иттилоотии Русия дар баёнияе гуфтааст, ки Иттиҳоди Аврупо ҳамчунин, аз ҳукумати Арманистон талаб кардааст, ки мухолифони дохилиеро, ки зидди ин сиёсат изҳори назар мекунанд, саркӯб намояд.
Бар асоси ин баёния, Хадамоти иттилооти хориҷии Русия ба маълумоте даст ёфтааст, ки нишон медиҳад Иттиҳоди Аврупо аз ногузир будани буҳрони амиқи иқтисодӣ дар Арманистон дар сурати хориҷ шудани Ереван аз Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё огоҳ аст.
Ин изҳорот дар ҳоле нашр мешавад, ки соли ҷорӣ нишасти Арманистон–Иттиҳоди Аврупо ва ҳамоиши сарони Ҷомеаи сиёсии Аврупо дар Ереван баргузор шуд. Дар ин нишаст Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, низ ҳузур дошт.
Ба гуфтаи Хадамоти иттилооти хориҷии Русия, бисёре аз кишварҳои аврупоӣ қаблан ба раҳбарони Иттиҳоди Аврупо хабар додаанд, ки омода нестанд бозорҳои худро ба рӯи молҳои Арманистон боз кунанд.
Дар баёния омадааст: “Бюрократҳои Брюссел ҳамчунон талош хоҳанд кард Ереванро ба ҳимояти бечунучарои худ бовар кунонанд. Набудани пешрафт дар пешниҳоди кумакҳои мушаххас бо ин далел тавзеҳ дода мешавад, ки пайвастан ба Иттиҳоди Аврупо комилан ба Ереван ва “дастовардҳои” он дар масири ҳамгироии аврупоӣ вобаста аст”.
Ин ниҳоди Русия ҳамчунин, гуфтааст, ки аз ҳукумати нахуствазир Никол Пашинян хоста шудааст ҳузури тиҷоратии Русияро дар бахшҳои стратегӣ коҳиш дода, равобити башардӯстонаро бо Маскав қатъ кунад ва бо мухолифони дохилии ин сиёсат бархӯрди сахт анҷом диҳад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Иштироки Пешвои миллат дар Иди картошка
Конор Макгрегор: “Охирин муҳорибаамро ба таври шоиста мегузаронам”
Беларусия дар ҳукумати террористии Толибон сафир таъин кард
Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар оянда дар Тоҷикистон 900 миллион сармоягузорӣ мекунад