Раиси парлумони Туркманистон: Осиёи Марказӣ ба маркази муҳимми геополитикӣ ва иқтисодӣ табдил меёбад
Чин хостори густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Аврупо шуд
Лавров: “Агар Зеленский хоҳони дидор бо Путин бошад, бояд ба Маскав биёяд”
Хитоби Ироқчӣ ба Мертс: Дигар ҳеч мулоҳиза нахоҳем кард
Чин ҷангандаҳои насли панҷуми худро дар марзи Ҳиндустон мустақар кард
Аксҳои моҳвораӣ нишон медиҳанд, ки артиши Чин 12 фарванд ҷангандаи радаргурези насли панҷуми “J-20”-ро дар ду пойгоҳи низомии наздик ба марзи Ҳиндустон мустақар кардааст.
Бар асоси гузоришҳо, 8-тои ин ҷангандаҳо дар пойгоҳи ҳавоии Хутан дар минтақаи Синзян ва 4-тои дигари он дар пойгоҳи Дамшунг дар Тибет ҷойгир шудаанд. Ин иқдом дар ҳоле сурат мегирад, ки танишҳои марзӣ миёни Чин ва Ҳиндустон ҳамчунон идома дорад.
Шабакаи “Эн-ди-ти-ви” (NDTV) гузориш додааст, ки ин бузургтарин тамаркузи ҷангандаҳои насли панҷуми Чин дар пойгоҳҳои рӯ ба марзи Ҳиндустон то имрӯз ба ҳисоб меравад.
Тибқи ин гузориш, Ҳиндустон ҳанӯз дар ихтиёри худ ҷангандаи амалкунандаи насли панҷум надорад ва неруҳои ҳавоии он асосан ба 36 ҷангандаи “Rafale” ва ҳавопаймоҳои кӯҳнатари “Su-30” такя мекунанд.
Ин таҳаввул дар ҳоле сурат мегирад, ки рақобати низомӣ ва ихтилофҳои марзӣ миёни ду қудрати ҳастаии Осиё дар солҳои охир афзоиш ёфтааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Иштироки Пешвои миллат дар Иди картошка
Конор Макгрегор: “Охирин муҳорибаамро ба таври шоиста мегузаронам”
Беларусия дар ҳукумати террористии Толибон сафир таъин кард
Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар оянда дар Тоҷикистон 900 миллион сармоягузорӣ мекунад