Раиси парлумони Туркманистон: Осиёи Марказӣ ба маркази муҳимми геополитикӣ ва иқтисодӣ табдил меёбад
Чин хостори густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Аврупо шуд
Лавров: “Агар Зеленский хоҳони дидор бо Путин бошад, бояд ба Маскав биёяд”
Хитоби Ироқчӣ ба Мертс: Дигар ҳеч мулоҳиза нахоҳем кард
Толибон аз имзои 22 тафоҳумномаи тиҷоратӣ миёни Афғонистон ва Ӯзбекистон хабар доданд
Гурӯҳи террористии Толибон эълом карданд, ки дар нишасти тиҷоратии Афғонистон-Ӯзбекистон дар Кобул 22 тафоҳумномаи тиҷоратӣ ба арзиши беш аз 200 миллион доллар миёни тоҷирон ва сармоягузорони Афғонистон ва Ӯзбекистон ба имзо расидааст.
Хабаргузории “Бохтар”, ки таҳти назорати Толибон қарор дорад, рӯзи душанбе, 27-уми июл гузориш додааст, ки ин нишаст бо ҳузури Нуриддин Азизӣ, вазири саноат ва тиҷорати гурӯҳи террористии Толибон, Ҷамшед Хоҷаев, муовини нахуствазири Ӯзбекистон ва бештар аз 300 нафар намояндагони бахши хусусии ҳарду ҷониб баргузор шудааст.
Нуриддин Азизӣ гуфтааст, ки Афғонистон ва Ӯзбекистон барои сармоягузорӣ ва рушди тиҷорат зарфиятҳои густарда доранд ва қарор аст ҳаҷми тиҷорат миёни ду кишвар ба 5 миллиард доллар афзоиш ёбад.
Ӯ ҳамчунин, аз уҳдадории Ӯзбекистон барои хариди 100 ҳазор тонна пахтаи Афғонистон хабар додааст.
Ҷамшед Хоҷаев гуфтааст, ки Ӯзбекистон барои осон кардани тиҷорат бо Афғонистон тадбирҳоеро, аз ҷумла таъсиси роҳҳои нав, пешниҳоди тарофаҳо, суръат бахшидани интиқоли молу амвол ва таъсиси марказҳои логистикӣ, рӯи даст гирифтааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Иштироки Пешвои миллат дар Иди картошка
Конор Макгрегор: “Охирин муҳорибаамро ба таври шоиста мегузаронам”
Беларусия дар ҳукумати террористии Толибон сафир таъин кард
Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар оянда дар Тоҷикистон 900 миллион сармоягузорӣ мекунад