Раиси парлумони Туркманистон: Осиёи Марказӣ ба маркази муҳимми геополитикӣ ва иқтисодӣ табдил меёбад
Чин хостори густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Аврупо шуд
Лавров: “Агар Зеленский хоҳони дидор бо Путин бошад, бояд ба Маскав биёяд”
Хитоби Ироқчӣ ба Мертс: Дигар ҳеч мулоҳиза нахоҳем кард
Арабистон аз ҳамлаи паҳподии Ироқ ба таъсисоти нафтӣ хабар дод
Вазорати дифои Арабистони Саудӣ эълом кардааст, сомонаҳои дифои ҳавоии ин кишвар чанд паҳподро, ки аз хоки Ироқ ворид шуда буданд, сарнагун кардаанд.
Ин вазорат рӯзи душанбе, 27-уми июл, дар баёнияе гуфтааст, ки ин паҳподҳо қасд доштанд таъсисоти нафтиро дар минтақаи шарқии Арабистони Саудӣ ҳадаф қарор диҳанд.
Вазорати дифои Арабистони Саудӣ иддао кардааст, ки ин паҳподҳо аз сӯйи гурӯҳҳои мусаллаҳи мавриди ҳимояти Эрон дар Ироқ партоб шудаанд.
Дар ҳамин ҳол, ҳусиҳои Яман эълом кардаанд, ки дар тозатарин даври ташдиди танишҳо, таъсисоти нафтии ширкати “Арамко” дар Арабистони Саудиро ҳадаф қарор додаанд.
Ин рӯйдод дар ҳоле рух додааст, ки танишҳои минтақавӣ миёни гурӯҳҳои мавриди ҳимояти Эрон ва муттаҳидони Амрико дар Ховари Миёна афзоиш ёфтааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Иштироки Пешвои миллат дар Иди картошка
Конор Макгрегор: “Охирин муҳорибаамро ба таври шоиста мегузаронам”
Беларусия дар ҳукумати террористии Толибон сафир таъин кард
Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар оянда дар Тоҷикистон 900 миллион сармоягузорӣ мекунад