Раиси парлумони Туркманистон: Осиёи Марказӣ ба маркази муҳимми геополитикӣ ва иқтисодӣ табдил меёбад
Чин хостори густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Аврупо шуд
Лавров: “Агар Зеленский хоҳони дидор бо Путин бошад, бояд ба Маскав биёяд”
Хитоби Ироқчӣ ба Мертс: Дигар ҳеч мулоҳиза нахоҳем кард
Ҷабҳаи озодӣ аз куштани 21 ҷангҷӯи Толибон дар Бадахшони Афғонистон хабар дод
Ҷабҳаи озодии Афғонистон таъкид кардааст, ки дар ҷараёни даргириҳои ин ҷабҳа бо гурӯҳи террористии Толибон дар ноҳияи (вулусволии) Зебоки вилояти Бадахшон, дастикам 21 ҷангҷӯи Толибон, аз ҷумла чанд фармондеҳи онҳо, кушта шудаанд.
Ин ҷабҳа рӯзи ҷумъа, 24-уми июл бо нашри хабарномае дар саҳифаи худ дар шабакаи иҷтмоии “Х” гуфтааст, ки амалиёт алайҳи Толибон аз субҳи дирӯз дар ноҳияи Зебок оғоз шуда, то ҳол идома дорад.
Бар асоси ин хабарнома, неруҳои Ҷабҳаи озодӣ Толибонро аз пойгоҳҳояшон дар баландиҳои атрофи кандаки сарҳадии Зебок ақиб рондаанд.
Ин ҷабҳа ҳамчунин, таъкид кардааст, ки дар натиҷаи ин амалиёт дастикам 21 ҷангҷӯи Толибон, аз ҷумла чанд тан аз фармондеҳони онҳо, кушта ва ҳадди ақал 37 нафари дигар захмӣ шудаанд.
Дар хабарнома омадааст, ки дар ҷараёни даргириҳо як узви Ҷабҳаи озодӣ низ ҷони худро аз даст додааст.
Ҷабҳаи озодӣ ҳамчунин, гуфтааст, ки дар ҷараёни амалиёт миқдоре аз силоҳҳои сабук ва сангини Толибонро низ ба даст овардааст.
Ин иддаоҳо дар ҳоле матраҳ мешаванд, ки рӯзи гузашта манобеи маҳаллӣ аз даргириҳо миёни Толибон ва мухолифони мусаллаҳи онҳо дар ноҳияи Зебоки Бадахшон хабар дода буданд. То кунун гурӯҳи Толибон дар бораи ин баёнияи Ҷабҳаи озодӣ изҳори назар накардааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Иштироки Пешвои миллат дар Иди картошка
Конор Макгрегор: “Охирин муҳорибаамро ба таври шоиста мегузаронам”
Беларусия дар ҳукумати террористии Толибон сафир таъин кард
Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар оянда дар Тоҷикистон 900 миллион сармоягузорӣ мекунад