Раиси парлумони Туркманистон: Осиёи Марказӣ ба маркази муҳимми геополитикӣ ва иқтисодӣ табдил меёбад
Чин хостори густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Аврупо шуд
Лавров: “Агар Зеленский хоҳони дидор бо Путин бошад, бояд ба Маскав биёяд”
Хитоби Ироқчӣ ба Мертс: Дигар ҳеч мулоҳиза нахоҳем кард
Лавров: “Силоҳҳои Ғарб дар Украина бар зидди мардуми Русия истифода мешаванд”
Вазири корҳои хориҷии Русия мегӯяд, ки силоҳҳои ирсолии кишварҳои ғарбӣ ба Украина барои ҳамла ба мардуми осоишта ва зерсохтҳои ғайринизомии Русия истифода мешаванд.
Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии Русия, рӯзи ҷумъа дар ҳошияи нишасти Шурои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай дар Қирғизистон гуфт, ки Маскав ҳамчунон роҳи ҳалли сиёсӣ ва дипломатии ҷангро тарҷеҳ медиҳад, аммо дар ҳар сурат ба ҳадафҳои худ хоҳад расид.
Лавров ҳамчунин, изҳор дошт, ки агар Иёлоти Муттаҳида бо мавзеи Аврупо ва Украина дар бораи аз байн рафтани тавофуқҳои нишасти Аляска мувофиқат кунад, Русия наметавонад дар ин маврид коре анҷом диҳад.
Ба гуфтаи ӯ, Вашингтон равиши худро нисбат ба тавофуқҳои ҳосилшуда дар нишасти Аляска дар бораи Украина танзим кардааст ва Русия барои иҷрои онҳо омода будааст.
Вазири корҳои хориҷии Русия дар идома гуфтааст, ки сабаби рад шудани пешниҳодҳои Амрико барои поён додани ҷанг аз ҷониби президенти Украина, ба гуфтаи ӯ, “такаббуре аст, ки аз идомаи кумакҳои низомии Ғарб ба Киев сарчашма мегирад”.
Лавров афзуда, ки бахши қобили таваҷҷуҳи кумакҳо ба Украина аз ҷониби Иёлоти Муттаҳида таъмин мешавад. Ӯ иддао карда, ки Вашингтон на танҳо силоҳро тавассути кишварҳои аврупоӣ ба Украина мерасонад, балки дастгирии истихборотӣ, фаъол будани шабакаи “Старлин” (Starlink) ва дигар имкониятҳои пешрафтаи низомиро низ барои Киев фароҳам мекунад.
Ин изҳорот дар ҳоле садо медиҳад, ки ҷанг миёни Русия ва Украина ҳамчунон идома дошта, Маскав ва кишварҳои ғарбӣ ҳамдигарро ба ташдиди даргирӣ ва коҳиш додани имкони расидан ба роҳи ҳалли дипломатӣ муттаҳам мекунанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Иштироки Пешвои миллат дар Иди картошка
Конор Макгрегор: “Охирин муҳорибаамро ба таври шоиста мегузаронам”
Беларусия дар ҳукумати террористии Толибон сафир таъин кард
Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар оянда дар Тоҷикистон 900 миллион сармоягузорӣ мекунад