Раиси парлумони Туркманистон: Осиёи Марказӣ ба маркази муҳимми геополитикӣ ва иқтисодӣ табдил меёбад
Чин хостори густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Аврупо шуд
Лавров: “Агар Зеленский хоҳони дидор бо Путин бошад, бояд ба Маскав биёяд”
Хитоби Ироқчӣ ба Мертс: Дигар ҳеч мулоҳиза нахоҳем кард
Сипоҳи посдорони Эрон ба сокинони кишварҳои мизбони пойгоҳҳои Амрико ҳушдор дод
Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломии Эрон ба сокинони кишварҳое, ки мизбони пойгоҳҳои Амрико ҳастанд, ҳушдор додааст, ки иҷоза надиҳанд амрикоиҳо дар наздики маҳалли сукунати онҳо буду бош дошта бошанд.
Хабаргузории “Форс”, рӯзи ҷумъа, 24-уми июл, гузориш додааст, ки Сипоҳи посдорон ин ҳушдорро бо нашри иттилоияе содир кардааст.
Бар асоси гузориш, Сипоҳи посдорон ба ҳамаи мардуми кишварҳое, ки маҳалли истиқрори неруҳои амрикоӣ ҳастанд, ҳушдор додааст, то ба масофаи 500 метр ба амрикоиҳо наздик нашаванд.
Сипоҳ гуфтааст, ки амрикоиҳо бо тарки пойгоҳҳои худ, дар миёни мардуми маҳаллӣ истиқрор ёфта, аз он ҷо амалиётро алайҳи Эрон анҷом медиҳанд.
Ин дар ҳолест, ки даргирӣ бар сари контроли тангаи Ҳурмуз миёни Эрон ва Амрико аз чанд рӯз ба ин сӯ шиддат гирифта ва идома дорад.
Бо ин ҳол, артиши Амрико то кунун дар мавриди ин ҳушдори Эрон чизе нашр накардааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Иштироки Пешвои миллат дар Иди картошка
Конор Макгрегор: “Охирин муҳорибаамро ба таври шоиста мегузаронам”
Беларусия дар ҳукумати террористии Толибон сафир таъин кард
Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар оянда дар Тоҷикистон 900 миллион сармоягузорӣ мекунад