Раиси парлумони Туркманистон: Осиёи Марказӣ ба маркази муҳимми геополитикӣ ва иқтисодӣ табдил меёбад
Чин хостори густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Аврупо шуд
Лавров: “Агар Зеленский хоҳони дидор бо Путин бошад, бояд ба Маскав биёяд”
Хитоби Ироқчӣ ба Мертс: Дигар ҳеч мулоҳиза нахоҳем кард
Танишҳои Бадахшони Афғонистон: Толибон дар ҳолати омодабош қарор гирифтаанд
Манобеъ аз Бадахшони Афғонистон ба расонаҳои ин кишвар гуфтаанд, ки ҷангҷӯёни гурӯҳи террористии Толибон аз шаби гузашта дар шуморе аз ноҳияҳои ин вилоят ба ҳолати омодабоши дараҷаи як қарор гирифтаанд.
Рӯзномаи “8-и субҳ” дар такя ба манбаи худ рӯзи ҷумъа, 24-уми май гузориш додааст, ки эҳтимоли халъи силоҳи ҷамъии Толибони маҳаллӣ дар ноҳияҳои (вулусволиҳои) Шакӣ, Моймӣ, Нусай ва Шаҳрбузург вуҷуд дорад.
Бар асоси иттилоъ, вазъият дар вилояти Бадахшони Афғонистон дар ҳафтаҳои ахир башиддат ноором ва муташанниҷ аст.
Ин дар ҳолест, ки манбаи маҳаллӣ рӯзи гузашта аз даргирӣ миёни ҷангҷӯёни гурӯҳи террористии Толибон ва мухолифони ин гурӯҳ дар ноҳияи Зебок ба расонаҳо хабар дода буданд.
Бо ин ҳол, дар пайи таҳаввулот ва танишҳо, чанд рӯз қабл ноҳияи Яфтали Поёни Бадахшон тавассути гурӯҳе бо номи “Ҷабҳаи сипоҳиёни меҳан” барои соатҳое аз контроли Толибон хориҷ шудааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Иштироки Пешвои миллат дар Иди картошка
Конор Макгрегор: “Охирин муҳорибаамро ба таври шоиста мегузаронам”
Беларусия дар ҳукумати террористии Толибон сафир таъин кард
Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар оянда дар Тоҷикистон 900 миллион сармоягузорӣ мекунад