Раиси парлумони Туркманистон: Осиёи Марказӣ ба маркази муҳимми геополитикӣ ва иқтисодӣ табдил меёбад
Чин хостори густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Аврупо шуд
Лавров: “Агар Зеленский хоҳони дидор бо Путин бошад, бояд ба Маскав биёяд”
Хитоби Ироқчӣ ба Мертс: Дигар ҳеч мулоҳиза нахоҳем кард
216 кас кам. Маълум шуд, ки дар Тоҷикистон чанд нафақагир аст
Бинобар иттилои Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба ҳолати 1-уми июли соли равон 876 ҳазору 990 нафақагир дар кишвар ба қайд гирифта шудааст.
Дар нишасти матбуотии ниҳоди мазкур иттилоъ дода шуд, ки теъдоди нафақагарон дар аввали соли равон 877 ҳазору 206 нафақагир сабт шуда буд. Яъне дар ним сол 216 нафақагир кам шудааст.
Дар нишаст афзуда шуд, ки ҳоло аз шумораи умумии нафақагирон 170 ҳазору 757 нафар дорои маъюбият мебошанд.
Гуфта шуд, ки то 1-уми майи соли ҷорӣ дар кишвар нафақаи суғуртавӣ 513 сомонӣ, нафақаи меҳнатӣ 646 сомонӣ ва нафақаи иҷтимоӣ ба 355 сомонӣ буд.
Зикр гардид, ки давоми шаш моҳи соли равон қисми хароҷоти буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа 2 миллиарду 974,3 миллион сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 241,4 миллион сомонӣ зиёд аст. Аз ҷумла, маблағгузории пардохти нафақа 198,4 миллион сомонӣ афзуда, ба 2 миллиарду 684,1 миллион сомонӣ баробар гардид. Ҳоло дар ҷумҳурӣ қарз аз пардохти нафақа вуҷуд надорад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Иштироки Пешвои миллат дар Иди картошка
Конор Макгрегор: “Охирин муҳорибаамро ба таври шоиста мегузаронам”
Беларусия дар ҳукумати террористии Толибон сафир таъин кард
Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар оянда дар Тоҷикистон 900 миллион сармоягузорӣ мекунад