Раиси парлумони Туркманистон: Осиёи Марказӣ ба маркази муҳимми геополитикӣ ва иқтисодӣ табдил меёбад
Чин хостори густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Аврупо шуд
Лавров: “Агар Зеленский хоҳони дидор бо Путин бошад, бояд ба Маскав биёяд”
Хитоби Ироқчӣ ба Мертс: Дигар ҳеч мулоҳиза нахоҳем кард
Нахуствазири Ироқ вориди Теҳрон шуд
Алӣ Фолиҳ ал-Зайдӣ, нахуствазири Ироқ, дар раъси як ҳайати баландпоя рӯзи панҷшанбе бо сафари расмӣ вориди Теҳрон шуд.
Ба гузориши расонаҳои эронӣ, ин сафар ба даъвати Масъуд Пизишкиён, раиси ҷумҳури Эрон, анҷом шудааст. Аз нахуствазири Ироқ ҳангоми вуруд ба фурудгоҳи Теҳрон Сайид Алӣ Маданизода, вазири иқтисоди Эрон ва раиси Комиссияи муштараки ҳамкориҳои Эрону Ироқ, истиқбол кардааст.
Сарвазири Ироқ пеш аз сафар гуфта буд, ки дар дидор бо мақомоти олии Эрон масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи ду кишвар, роҳҳои густариши ҳамкориҳои дуҷониба, таҳаввулоти минтақа ва тақвияти амнияту суботи минтақаро баррасӣ хоҳад кард.
Ба гуфтаи Зайдӣ, Ироқ ва Эрон дорои равобити таърихӣ, тамаддунӣ, марзҳо ва манофеи муштарак ҳастанд ва ҳамин муштаракот заминаи ҳамкорӣ, гуфтугӯ ва эҳтироми мутақобилро барои рушди ду кишвар ва ҳифзи амнияту суботи минтақа ва ҷаҳон фароҳам мекунад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Иштироки Пешвои миллат дар Иди картошка
Конор Макгрегор: “Охирин муҳорибаамро ба таври шоиста мегузаронам”
Беларусия дар ҳукумати террористии Толибон сафир таъин кард
Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар оянда дар Тоҷикистон 900 миллион сармоягузорӣ мекунад