Раиси парлумони Туркманистон: Осиёи Марказӣ ба маркази муҳимми геополитикӣ ва иқтисодӣ табдил меёбад
Чин хостори густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Аврупо шуд
Лавров: “Агар Зеленский хоҳони дидор бо Путин бошад, бояд ба Маскав биёяд”
Хитоби Ироқчӣ ба Мертс: Дигар ҳеч мулоҳиза нахоҳем кард
Иттиҳоди Аврупо бастаи 21-уми таҳримҳо алайҳи Русияро тасвиб кард
Иттиҳоди Аврупо бастаи 21-уми таҳримҳо алайҳи Русияро тасвиб кардааст. Гуфта мешавад, ки ин баста бо ҳадафи ташдиди маҳдудиятҳо алайҳи бахши бонкии Русия ва афзоиши фишор бар саноати нафту гази ин кишвар рӯйи даст гирифта шудааст.
Ба гузориши расонаҳо, Урсула фон дер Ляйен, раиси Комиссияи Аврупо, рӯзи панҷшанбе дар шабакаи иҷтимоии “Х” аз тасвиби ин баста истиқбол карда, гуфтааст, ки таҳримҳои нав ҳамзамон бо пешрафтҳои низомии Украина, пояҳои иқтисодии “мошини ҷангии Русия”-ро заифтар мекунанд.
Бар асоси ин баста, 32 бонки дигари Русия ба феҳристи муассисаҳое шомил мешаванд, ки анҷоми муомилоти молӣ бо Иттиҳоди Аврупо барои онҳо мамнуъ аст. Ҳамчунин, ширкатҳои фаъол дар бахши арзҳои рақамӣ ва платформаҳои муомилоти нафт низ ҳадафи таҳримҳои ҷадид қарор мегиранд.
Иттиҳоди Аврупо ҳамчунин, тасмим гирифтааст, ки сақфи қимати нафти Русияро барои як соли дигар бидуни тағйир нигоҳ дорад, то аз баҳрабардории Маскав аз нооромиҳои бозори энержӣ пешгирӣ шавад.
Барои нахустин бор, киштиҳое, ки ба истилоҳ “новгони соя” дар интиқоли нафти Русия кумак мекунанд, низ шомили таҳримҳо хоҳанд шуд.
Урсула фон дер Ляйен ҳамчунин, эълом кардааст, ки Иттиҳоди Аврупо барои мамнуъ кардани вуруди низомиёни Русия ба кишварҳои узви ин иттиҳод қадами муҳим бардоштааст. Дар сурати ниҳоӣ шудани ин иқдом, вуруди ин афрод ба қаламрави Иттиҳоди Аврупо манъ хоҳад шуд.
Ин баста дар ҳоле тасвиб мешавад, ки Дмитрий Песков, сухангӯи Кремл, як рӯз пеш ҳушдор дода буд, таҳримҳои нави Иттиҳоди Аврупо на танҳо ба Русия, балки ба манофеи худи кишварҳои аврупоӣ низ осеб мерасонанд. Ӯ ҳамчунин, ҳамаи таҳримҳои Иттиҳоди Аврупоро аз нигоҳи ҳуқуқи байналмилалӣ ғайриқонунӣ хондааст.
Пеш аз ин, нашрияи “Палитика” (Politico) ба нақл аз манобеи худ гузориш дода буд, ки мақомоти Иттиҳоди Аврупо барои таҳияи бастаи нави таҳримҳо бо камбуди пешниҳодҳои муассир рӯбарӯ шудаанд, зеро бисёре аз иқдомҳои эҳтимолӣ метавонанд ба иқтисоди кишварҳои узви ин иттиҳод низ зарар расонанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Иштироки Пешвои миллат дар Иди картошка
Конор Макгрегор: “Охирин муҳорибаамро ба таври шоиста мегузаронам”
Беларусия дар ҳукумати террористии Толибон сафир таъин кард
Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар оянда дар Тоҷикистон 900 миллион сармоягузорӣ мекунад