Раиси парлумони Туркманистон: Осиёи Марказӣ ба маркази муҳимми геополитикӣ ва иқтисодӣ табдил меёбад
Чин хостори густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Аврупо шуд
Лавров: “Агар Зеленский хоҳони дидор бо Путин бошад, бояд ба Маскав биёяд”
Хитоби Ироқчӣ ба Мертс: Дигар ҳеч мулоҳиза нахоҳем кард
Сипоҳи Посдорони Эрон аз ҳамла ба пойгоҳи низомии Амрико дар Урдун хабар дод
Сипоҳи Посдорони Эрон дар баёнияи тозаи худ гуфтааст, ки дар ҳамлаҳое марказҳои низомии Амрико дар Урдунро ҳадаф қарор дода, сомонаҳо ва таҷҳизоти ин кишварро нобуд кардааст.
Расонаҳои Эрон рӯзи панҷшанбе, 23-уми июл, гузориш додаанд, ки Сипоҳи Посдорони Инқилоби Исломии Эрон эълом кардааст, дар ин ҳамлаҳо як радари сомонаи дифои мушакии Амрикоро низ ҳадаф қарор додааст.
Сипоҳи Посдорон афзудааст, ки дар ҷараёни ин ҳамлаҳо анборҳои сӯзишвории як пойгоҳи низомии Амрико, як анбори таҷҳизоти чархбол ва маҳалли таъмиру нигоҳдории чархболҳои ин кишвар оташ гирифта ва тахриб шудаанд.
Ин ниҳоди низомии Эрон дар паёме хитоб ба мардуми Урдун гуфтааст, ки ин иқдомҳоро нақзи ҳокимияти Урдун намедонад ва афзудааст, ки ҳузури низомии Амрико дар ин кишвар далели ҳадаф қарор додани неруҳои амрикоӣ мебошад.
Урдун то кунун дар бораи ин ҳамла вокуниши расмӣ нишон надодааст. Пеш аз ин низ Сипоҳи Посдорон аз ҳамла ба таҷҳизоти низомии Амрико дар Кувайт хабар дода буд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Иштироки Пешвои миллат дар Иди картошка
Конор Макгрегор: “Охирин муҳорибаамро ба таври шоиста мегузаронам”
Беларусия дар ҳукумати террористии Толибон сафир таъин кард
Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар оянда дар Тоҷикистон 900 миллион сармоягузорӣ мекунад