Раиси парлумони Туркманистон: Осиёи Марказӣ ба маркази муҳимми геополитикӣ ва иқтисодӣ табдил меёбад
Чин хостори густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Аврупо шуд
Лавров: “Агар Зеленский хоҳони дидор бо Путин бошад, бояд ба Маскав биёяд”
Хитоби Ироқчӣ ба Мертс: Дигар ҳеч мулоҳиза нахоҳем кард
Иддаои вазири корҳои хориҷии Амрико: “Эрон барои тавофуқ талош мекунад”
Марко Рубио, вазири корҳои хориҷии Амрико, мегӯяд Эрон барои дастёбӣ ба тавофуқ талош мекунад, аммо агар омодаи тавофуқ набошад, бо афзоиши фишорҳо ва сарфи маблағҳои бештар рӯбарӯ хоҳад шуд.
“Ал-Ҷазира” рӯзи панҷшанбе, 23-уми июл, гузориш додааст, ки Рубио ин изҳоротро дар ҳошияи нишасти ОКЕАН (АСЕАН) дар Манила, пойтахти Филиппин, баён кардааст.
Рубио иддао кардааст, ки “Эрон барои тавофуқ илтимос мекунад”, аммо бо ин ҳол ба назар мерасад Теҳрон омодаи расидан ба тавофуқ нест.
Ҳамчунин, Эрон гуфтааст, ки ҳар бор тавофуқеро имзо кардааст, Амрико ё онро нақз кардааст ё тағйир додааст.
Ин изҳорот дар ҳолест, ки танишҳо миёни Теҳрон ва Вашингтон дар моҳҳои ахир афзоиш ёфта ва ду тараф борҳо дар бораи барномаи ҳастаии Эрон, таҳримҳо ва масоили амниятии минтақаӣ мавзеъҳои тунде алайҳи якдигар баён кардаанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Иштироки Пешвои миллат дар Иди картошка
Конор Макгрегор: “Охирин муҳорибаамро ба таври шоиста мегузаронам”
Беларусия дар ҳукумати террористии Толибон сафир таъин кард
Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар оянда дар Тоҷикистон 900 миллион сармоягузорӣ мекунад