Раиси парлумони Туркманистон: Осиёи Марказӣ ба маркази муҳимми геополитикӣ ва иқтисодӣ табдил меёбад
Чин хостори густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Аврупо шуд
Лавров: “Агар Зеленский хоҳони дидор бо Путин бошад, бояд ба Маскав биёяд”
Хитоби Ироқчӣ ба Мертс: Дигар ҳеч мулоҳиза нахоҳем кард
Кремл: Тағйири фармондеҳии артиши Украина таъсире бар майдони ҷанг надорад
Кремл эълом кардааст, ки таъйини фармондеҳи нави кулли неруҳои мусаллаҳи Украина эҳтимолан тағйире дар вазъияти майдони ҷанг эҷод нахоҳад кард.
Ба гузориши расонаҳои Русия, Дмитрий Песков, сухангӯи Кремл, рӯзи чоршанбе дар вокуниш ба таъйини фармондеҳи нави кулли артиши Украина гуфта, ки изҳори назар дар бораи ин масъала бар уҳдаи Маскав нест, аммо гумон намекунад, ки ин таъйинот ба тағйире дар вазъияти хатҳои муқаддам мусоидат кунад.
Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, рӯзи сешанбе эълом кард, ки Михаил Драпатий, фармондеҳи неруҳои муштараки Украина, ба ҳайси фармондеҳи кулли неруҳои мусаллаҳи ин кишвар таъйин шудааст.
Ин таъйинот пас аз барканории генерал Александр Сирский аз сӯйи Зеленский сурат гирифтааст. Ин иқдом чанд рӯз пас аз эътирозҳои густарда ба барканории Михаил Фёдоров, вазири дифои маҳбуби Украина, ки гуфта мешавад бар сари ихтилоф бо Сирский аз мақомаш канор рафта буд, анҷом шудааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Иштироки Пешвои миллат дар Иди картошка
Конор Макгрегор: “Охирин муҳорибаамро ба таври шоиста мегузаронам”
Беларусия дар ҳукумати террористии Толибон сафир таъин кард
Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар оянда дар Тоҷикистон 900 миллион сармоягузорӣ мекунад