Раиси парлумони Туркманистон: Осиёи Марказӣ ба маркази муҳимми геополитикӣ ва иқтисодӣ табдил меёбад
Чин хостори густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Аврупо шуд
Лавров: “Агар Зеленский хоҳони дидор бо Путин бошад, бояд ба Маскав биёяд”
Хитоби Ироқчӣ ба Мертс: Дигар ҳеч мулоҳиза нахоҳем кард
Дюҷаррик: Беш аз 40 нафар дар селҳои шарқи Афғонистон ҷони худро аз даст додаанд
Стефан Дюҷаррик, сухангӯи дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълом кардааст, ки дар пайи селҳои шадид дар шарқи Афғонистон, беш аз 40 нафар ҷон бохта, даҳҳо тани дигар захмӣ ва шумори зиёде нопадид шудаанд.
Дюҷаррик рӯзи сешанбе, 21-уми июл, дар як нишасти хабарӣ гуфт, ки ин селҳо хисороти густардае ба хонаҳо, биноҳои умумӣ ва касбу корҳо ворид кардаанд.
Ба гуфтаи ӯ, фароҳам кардани сарпаноҳи изтирорӣ, кумакҳои ғизоӣ, хизматрасонии тандурустӣ, лавозими зарурии хонаводагӣ ва ҳимоятҳои равонӣ ва иҷтимоӣ аз муҳимтарин ниёзҳои фаврии селзадагон ба шумор меравад.
Сухангӯи дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид афзуд, ки амалиёти ҷустуҷӯ ва наҷот дар минтақаҳои шадидан осебдида ҳамчунон идома дорад.
Ӯ таъкид кард, ки Созмони Милали Муттаҳид ва шарикони башардӯстонаи он дар ҳоли арзёбии вазъият ва барномарезӣ барои расидагӣ ба ин буҳрон ҳастанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Иштироки Пешвои миллат дар Иди картошка
Конор Макгрегор: “Охирин муҳорибаамро ба таври шоиста мегузаронам”
Беларусия дар ҳукумати террористии Толибон сафир таъин кард
Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар оянда дар Тоҷикистон 900 миллион сармоягузорӣ мекунад