Раиси парлумони Туркманистон: Осиёи Марказӣ ба маркази муҳимми геополитикӣ ва иқтисодӣ табдил меёбад
Чин хостори густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Аврупо шуд
Лавров: “Агар Зеленский хоҳони дидор бо Путин бошад, бояд ба Маскав биёяд”
Хитоби Ироқчӣ ба Мертс: Дигар ҳеч мулоҳиза нахоҳем кард
Ҳукумати нави Британия бо фишори Амрико бар сари дастрасӣ ба пойгоҳҳои низомӣ рӯбарӯ аст
Ба гузориши расонаҳои бритониёӣ, Амрико интизор дорад, ки ҳукумати нави Британия иҷозаи истифода аз пойгоҳҳои низомии стратегии ин кишварро барои Вашингтон фароҳам кунад.
Рӯзномаи “Телеграф” (The Telegraph) рӯзи сешанбе, 21-уми июл, гузориш додааст, ки Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико, ба Энди Бернем, нахуствазири нави Британия, фишор меорад, то дастрасии Амрико ба пойгоҳҳои неруи ҳавоии шоҳии ин кишвар дар Фэрфорд ва Диего Гарсия ҳифз шавад.
Андаке пас аз он ки Энди Бернем рӯзи душанбе ба ҳайси нахуствазири Британия ба кор оғоз кард, раиси ҷумҳури Амрико бо ӯ гуфтугӯи телефонӣ анҷом дод.
Ҳукумати пешини Британия ба раҳбарии Кир Стармер дар оғоз бо истифодаи Амрико аз пойгоҳи Диего Гарсия барои анҷоми ҳамлаҳо алайҳи Эрон мухолифат карда буд, аммо баъдан иҷозаи истифода аз ин пойгоҳро барои амалиётҳои дифоӣ содир кард.
Ин гузориш дар ҳоле нашр мешавад, ки дар пайи ташдиди танишҳо миёни Эрон ва Амрико, эҳтимоли густариши даргириҳо дар минтақа афзоиш ёфтааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Иштироки Пешвои миллат дар Иди картошка
Конор Макгрегор: “Охирин муҳорибаамро ба таври шоиста мегузаронам”
Беларусия дар ҳукумати террористии Толибон сафир таъин кард
Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар оянда дар Тоҷикистон 900 миллион сармоягузорӣ мекунад