Ҷангандаи F-15-и Арабистони Саудӣ дар осмони Яман сарнагун шуд
Амрико ба таҳримҳои нави зидди Русия ва Эрон роҳ мекушояд
Вэнс: “Исроил шарики муҳимми Амрико аст”
Амрикоиҳо дар як назарсанҷии тоза Трампро «хатарнок ва фосид» донистаанд
Трамп аз гуфтугӯ бо нахуствазири нави Британия дар бораи тангаи Ҳурмуз хабар дод
Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико, эълом кардааст, ки дар як тамоси телефонӣ бо Энди Бернем, нахуствазири нави Британия, дар бораи чандин масъала, аз ҷумла поксозии минаҳо дар тангаи Ҳурмуз, гуфтугӯ кардааст.
Ба гузориши расонаҳо Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико субҳи сешанбе, 21-уми июл, дар саҳифаи расмии худ дар шабакаи иҷтимоии “Truth Social” навишта, ки ду ҷониб дар бораи равобити дуҷониба ва дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи муштарак табодули назар кардаанд.
Доналд Трамп навиштааст: “Мо дар бораи мавзуъҳои зиёде, аз ҷумла равобити бисёр хубе, ки бо Британия доштаем, суҳбат кардем. Дар ояндаи наздик дубора мулоқот хоҳем кард, то масъалаҳои мавриди манфиати муштаракро баррасӣ кунем”.
Трамп ҳамчунин, гуфтааст, ки нахуствазири нави Британия масъулияти бузурге бар уҳда дорад, аммо аз иҷрои он бармеояд ва Амрико низ барои кумак омода аст.
Раиси ҷумҳури Амрико афзудааст, ки дар ин гуфтугӯ мавзуъҳое чун нафти Баҳри Шимол, тиҷорат, иттиҳоди низомӣ, поксозии минаҳо дар тангаи Ҳурмуз ва чанд масъалаи дигар низ баррасӣ шудаанд.
Ӯ дар поён таъкид кардааст, ки ин тамоси телефонӣ “ҷолиб буда ва бисёр хуб пеш рафтааст”.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Тоҷикистон ва Беларусия барои мубориза бо коррупсия санади нави ҳамкорӣ имзо карданд
Ҳамлаи мушакии ҳусиҳои Яман ба як ширкати нафт ва пойгоҳи ҳавоии Арабистони Саудӣ
Амрико барои боздоштани як ҳамлаи Эрон 80 мушак истифода кард
“Фокс Нюс”: Эрон ба як киштии Амрико дар Ҳурмуз ҳамла кард