Раиси парлумони Туркманистон: Осиёи Марказӣ ба маркази муҳимми геополитикӣ ва иқтисодӣ табдил меёбад
Чин хостори густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Аврупо шуд
Лавров: “Агар Зеленский хоҳони дидор бо Путин бошад, бояд ба Маскав биёяд”
Хитоби Ироқчӣ ба Мертс: Дигар ҳеч мулоҳиза нахоҳем кард
Буҳрони гуруснагӣ дар Афғонистон: Беш аз 17 миллион нафар ба камбуди ғизо рӯбарӯ ҳастанд
Фаришта Аббосӣ, пажӯҳишгари бахши Афғонистон дар Дидбони ҳуқуқи башар гуфтааст, ки бӯҳрони иқтисодӣ ва коҳиши кумакҳои башардӯстона, миллионҳо шаҳрванди Афғонистонро бо хатари гуруснагӣ рӯбарӯ кардааст.
Аббосӣ шаби ҷумъа, 17-уми июл, дар гузорише гуфтааст, ки бисёре аз оилаҳои афғон тавони таъмини ғизои кофиро надоранд.
Ӯ афзудааст, ки бар асоси пешбинии Созмони Милали Муттаҳид, беш аз 17 миллион нафар дар Афғонистон имсол бо камбуди шадиди ғизо мувоҷеҳ хоҳанд шуд: вазъияте, ки занон ва кӯдаконро бештар осебпазир мекунад.
Аббосӣ гуфтааст, ки коҳиши кумакҳои хориҷӣ аз сӯйи Иёлоти Муттаҳида, Британия ва дигар кишварҳои кумаккунанда, сабаб шудааст, ки созмонҳои башардӯстона барномаҳои худро коҳиш диҳанд ва кумакҳоро танҳо ба нафарони бештар ниёзманд ихтисос диҳанд.
Дар ин гузориш омадааст, ки ҳудуди 22 миллион нафар дар Афғонистон ба кумакҳои фаврии хурока ва хизматрасонии тандурустӣ ниёз доранд.
Ҳамчунин, бозгашти маҷбурии миллионҳо муҳоҷири афғон аз Эрон ва Покистон фишори бештаре бар ҷомеаҳое ворид кардааст, ки пеш аз ин бо хушксолӣ ва камбуди имкониятҳои корӣ рӯбарӯ будаанд.
Фаришта Аббосӣ ҳамчунин, маҳдудиятҳои гурӯҳи террористии Толибон бар кори занон дар созмонҳои имдодрасонро аз омилҳои душвор шудани раванди кумакрасонӣ унвон карда ва гуфтааст, ки ин маҳдудиятҳо дастрасии шуморе аз хонаводаҳоро ба кумакҳои башардӯстона коҳиш додааст.
Дар ҳамин ҳол, созмонҳои кумакрасон ҳушдор додаанд, ки бидуни таъмини фаврии буҷа, миллионҳо афғон мумкин аст дастрасии худро ба кумакҳои ҳаётӣ аз даст бидиҳанд.
Аббосӣ аз кишварҳои кумаккунанда хостааст, ки барои таъмини буҷаи амалиёти башардӯстона дар Афғонистон иқдом кунанд ва раванди бозгашти муҳоҷирони афғон низ бояд довталабона, амн ва ҳамроҳ бо ҳимоятҳои лозим анҷом шавад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Иштироки Пешвои миллат дар Иди картошка
Конор Макгрегор: “Охирин муҳорибаамро ба таври шоиста мегузаронам”
Беларусия дар ҳукумати террористии Толибон сафир таъин кард
Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар оянда дар Тоҷикистон 900 миллион сармоягузорӣ мекунад