Раиси парлумони Туркманистон: Осиёи Марказӣ ба маркази муҳимми геополитикӣ ва иқтисодӣ табдил меёбад
Чин хостори густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Аврупо шуд
Лавров: “Агар Зеленский хоҳони дидор бо Путин бошад, бояд ба Маскав биёяд”
Хитоби Ироқчӣ ба Мертс: Дигар ҳеч мулоҳиза нахоҳем кард
Вашингтон ҳушдори сафар ба Ховари Миёнаро тамдид кард
Вазорати корҳои хориҷии Иёлоти Муттаҳида дар пайи афзоиши танишҳо дар Ховари Миёна, бори дигар ҳушдори сафар ба ин минтақаро тамдид кард.
Ин вазорат рӯзи ҷумъа, 17-уми июл, аз шаҳрвандони амрикоӣ хост пеш аз сафар ба Ховари Миёна ё убур аз ин минтақа, дар барномаҳои сафари худ таҷдиди назар кунанд.
Вазорати корҳои хориҷии Амрико афзуд: “Бо сабаби танишҳои шадид дар Ховари Миёна, вазъияти амниятӣ ҳамчунон печида аст ва эҳтимоли ташдиди ғайримунтазираи авзоъ вуҷуд дорад”.
Ин вазорат ҳамчунин, аз шаҳрвандони худ хост ахбор ва таҳаввулоти фавриро ба таври доимӣ пайгирӣ кунанд ва нафароне, ки дар ҳоли сафар ба минтақа ё убур аз он ҳастанд, пеш аз ҳаракат вазъияти парвозҳои худро бо ширкатҳои ҳавопаймоӣ баррасӣ ва таъйид кунанд.
Ин ҳушдорҳо дар ҳоле содир мешавад, ки танишҳо миёни Амрико ва Эрон бар сари тангаи Ҳурмуз афзоиш ёфтааст.
Бо вуҷуди имзои як тафоҳумнома бо миёнҷигарии Покистон бо ҳадафи поён додан ба даргириҳо ва дастёбӣ ба тавофуқе барои сулҳи пойдор, ду тараф ҳамчунон якдигарро ҳадафи ҳамлаҳои мутақобил қарор додаанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Иштироки Пешвои миллат дар Иди картошка
Конор Макгрегор: “Охирин муҳорибаамро ба таври шоиста мегузаронам”
Беларусия дар ҳукумати террористии Толибон сафир таъин кард
Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар оянда дар Тоҷикистон 900 миллион сармоягузорӣ мекунад