Раиси парлумони Туркманистон: Осиёи Марказӣ ба маркази муҳимми геополитикӣ ва иқтисодӣ табдил меёбад
Чин хостори густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Аврупо шуд
Лавров: “Агар Зеленский хоҳони дидор бо Путин бошад, бояд ба Маскав биёяд”
Хитоби Ироқчӣ ба Мертс: Дигар ҳеч мулоҳиза нахоҳем кард
Чин эътилофи ҷаҳонии ҳуши маснуъӣ бо ҳузури 29 кишварро эҷод кард
Чин як эътилофи ҷаҳонӣ дар заминаи ҳуши маснуъӣ эҷод кардааст, ки ҳадафи он тақвияти ҳамкориҳои байналмилалӣ унвон шудааст.
“Ал-Ҷазира” рӯзи ҷумъа, 17-уми июл, гузориш додааст, ки Си Ҷинпинг, раиси ҷумҳури Чин, дар Конфронси ҷаҳонии ҳуши маснуъӣ дар Шанхай аз кишварҳо хостааст барои тавсеаи ин фанноварӣ ҳамкорӣ кунанд ва иҷоза надиҳанд як кишвар ба танҳоӣ бар ҳуши маснуъӣ тасаллут пайдо кунад.
Си гуфтааст, ки тавсеаи ҳуши маснуъӣ набояд “иҷрои инфиродии як кишвар” бошад, балки бояд натиҷаи ҳамкориҳои байналмилалӣ бошад.
Ӯ ҳамчунин, бар истифодаи “инсонмеҳвар” аз ҳуши маснуъӣ ва ҳифзи контроли инсон бар ин фанноварӣ таъкид кардааст.
Бар асоси гузориш, Созмони ҳамкории ҷаҳонии ҳуши маснуъӣ (WAICO) 16-уми июл расман таъсис шудааст ва 29 кишвар, аз ҷумла Индонезия, Бразилия, Малайзия, Африқои Ҷанубӣ, Сенегал, Русия ва Покистон бунёдгузори он ҳастанд.
Чин гуфтааст, ки ин созмон барои тақвияти ҳамкорӣ миёни кишварҳо ва эҷоди чаҳорчӯбҳои танзимӣ барои ҳуши маснуъӣ таъсис шудааст, то истифода аз ин фанноварӣ барои инсонҳо амн ва судманд бошад.
Ин иқдом дар ҳоле сурат мегирад, ки Чин ва Иёлоти Муттаҳида дар рақобати густурда барои пештозӣ дар ҳавзаи фанноварии ҳуши маснуъӣ қарор доранд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Иштироки Пешвои миллат дар Иди картошка
Конор Макгрегор: “Охирин муҳорибаамро ба таври шоиста мегузаронам”
Беларусия дар ҳукумати террористии Толибон сафир таъин кард
Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар оянда дар Тоҷикистон 900 миллион сармоягузорӣ мекунад