Раиси парлумони Туркманистон: Осиёи Марказӣ ба маркази муҳимми геополитикӣ ва иқтисодӣ табдил меёбад
Чин хостори густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Аврупо шуд
Лавров: “Агар Зеленский хоҳони дидор бо Путин бошад, бояд ба Маскав биёяд”
Хитоби Ироқчӣ ба Мертс: Дигар ҳеч мулоҳиза нахоҳем кард
Ноамниҳо дар Бадахшони Афғонистон: Толибон ҳамла ба Яфтали Поёни Бадахшонро тасдиқ карданд
Фармондеҳии амниятии гурӯҳи террористии Толибон дар Бадахшон ҳамла ба ноҳияи Яфтали Поёнро тасдиқ кардааст.
Эҳсонуллоҳ Комгор, сухангӯи Фармондеҳии амниятии Толибон дар Бадахшон, рӯзи ҷумъа, 17-уми июл, дар суҳбат бо расонаҳо гуфтааст, ки шаби гузашта, ҳамзамон бо ба рухсатӣ рафтани шуморе аз ҷангҷӯён ва фармондеҳони Толибон, ба ин ноҳия (вулусволӣ) ҳамла сурат гирифтааст.
Ӯ афзудааст, ки пас аз чанд соат ҷангҷӯёни Толибон ба маҳал расида, дубора назорати вулусволиро ба даст гирифтаанд.
Ба гуфтаи Комгор, Толибон то кунун ҳафт нафарро дар пайванд ба ин рӯйдод ҳамроҳ бо таҷҳизоти низомии онҳо боздошт кардаанд.
Фасиҳуддин Фитрат, раиси Ситоди артиши Толибон, пас аз ин рӯйдод ба Бадахшон сафар карда ва гуфтааст, ҳар шахсе, ки бихоҳад амнияти ин вилоятро барҳам занад, бо бархӯрди ҷангҷӯёни Толибон рӯбарӯ хоҳад шуд.
Ҳамзамон, манобеи маҳаллӣ ба расонаҳои Афғонистон гуфтаанд, ки пас аз ҳузури Фитрат дар Бадахшон, фазои ноҳияи Яфтали Поён низомӣ шуда ва шуморе аз сокинони маҳаллӣ аз бархӯрд ва озору азияти ҷангҷӯёни Толибон шикоят доранд.
Пеш аз ин, манобеи маҳаллӣ ба расонаҳои Афғонистон гуфта буданд, ки “Ҷабҳаи сипоҳиёни меҳан” ноҳияи Яфтали Поёнро таҳти тасарруфи худ дароварда ва парчами худро ба ҷойи парчами Толибон дар ин ноҳия барафроштааст.
Ин рӯйдод дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо истиқбол ва изҳори умедвории шуморе аз шаҳрвандони Афғонистон рӯбарӯ шуда ва вокунишҳои густурдаеро дар миёни корбарон ба ҳамроҳ доштааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Иштироки Пешвои миллат дар Иди картошка
Конор Макгрегор: “Охирин муҳорибаамро ба таври шоиста мегузаронам”
Беларусия дар ҳукумати террористии Толибон сафир таъин кард
Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар оянда дар Тоҷикистон 900 миллион сармоягузорӣ мекунад