4 Октябр 2026,
якшанбе, 07:37, Душанбе
22.06.2026 11:17

Вазири мудофиаи Эрон хостори эҷоди камарбанди амниятии минтақаӣ дар ҷаҳони ислом шуд

Маҷид Ибнурризо, вазири дифои муваққати Эрон, аз кишварҳои исломӣ хостааст, то барои тақвияти амнияти минтақаӣ як “камарбанди амниятии муштарак” эҷод кунанд.

Хабаргузории давлатии Эрон - ИРНА рӯзи якшанбе, 21-уми июн, гузориш додааст, ки Ибнурризо ин пешниҳодро дар гуфтугӯи телефонӣ бо Хоҷа Осиф, вазири дифои Покистон, матраҳ кардааст.

Ӯ гуфтааст, ки кишварҳои исломӣ бояд барои муқобилият бо чолишҳои амниятии муштарак ҳамкориҳои дифоӣ ва амниятии худро густариш диҳанд.

Дар ин гузориш омадааст, ки кишварҳои ҳавзаи Халиҷи Форс пас аз ҳамлаҳои Эрон дар ҳоли бознигарӣ дар сохторҳои амниятии минтақаии худ ҳастанд.

Ин ҳамлаҳо пас аз оғози даргириҳои охир миёни Эрон, Амрико ва Исроил рух додааст.

Эрон таъкид кардааст, ки танҳо ҷойҳои марбут ба Иёлоти Муттаҳидаро ҳадаф қарор додааст.

Dialog.tj

 

Хатти хабарҳо