Низомиёни Русия дар Хатлон роҳи мошингардро аз сел тоза карданд
Беларусия дар ҳукумати террористии Толибон сафир таъин кард
Раиси парлумони Туркманистон: Осиёи Марказӣ ба маркази муҳимми геополитикӣ ва иқтисодӣ табдил меёбад
Чин хостори густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Аврупо шуд
Хитоби Тасним ба Ироқчӣ: Дидор бо Уиткофф асос надорад / Бояд тангаи Ҳурмузро бибандед!
Хабаргузории “Тасним”-и вобаста ба Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломии Эрон дар хитоб ба Аббос Ироқчӣ, вазири корҳои хориҷаи Эрон зери як матлаб навишт, ки вақте банди якуми як тафоҳумнома нақз шудааст, ҳар гуна идомаи гуфтугӯ бо Амрико хатои бузург аст.
Хабаргузории Тасним, имрӯз, 20-уми июн дар атрофи овозаҳои дидори Аббос Ироқчӣ, вазири корҳои хориҷаи Эрон ва Стив Уиткофф, намояндаи вижаи президенти Амрико дар Ховари Миёна, ки дар назар аст дар Швейтсария баргузор шавад, матлабе навишт ва онро то ин лаҳза аз сӯйи мақомоти эронӣ таъйиднашуда хонд: “Хушбахтона аз ин ҷиҳат, ки ин дидор ҳеч асос ва зарурате надорад”.
Ба навиштаи ин хабаргузорӣ банди якуми тафоҳумномаи Исломобод миёни раисони ҷумҳури Амрико ва Эрон амалан ба таври комил нақз шудааст: “Бино ба матни мунташиршуда, банди аввал бар зарурати хотимаи ҷанг дар тамоми ҷабҳаҳо, аз ҷумла Лубнон таъкид дорад, зимнан мақомоти музокиракунанда қаблан қавл додаанд, ки мурод аз тазмини ҳокимият ва тамомияти арзии Лубнон ақибнишинии Исроил аз тамоми нуқтаҳои ишғолшуда дар ҷануби Лубнон аст”.
Ба навиштаи ин хабаргузорӣ ин банди тафоҳумнома “расман” ва “қасдан” аз ҷониби исроилиҳо дар ҷануби Лубнон нақз шудааст ва бар асоси банди 13-и тафоҳумнома, агар бандҳои 1-ум, 4-ум, 5-ум, 10-ум ва 11-уми тафоҳумнома амалӣ нашавад, ҳеч иқдоме набояд сурат бигирад.
“Дар воқеъ вақте банди яки тафоҳумнома расман нақз шуда, ҳар гуна идомаи гуфтугӯ бо мақомоти амрикоӣ хатои бузург ва муҷаввизе ба Амрико барои идомаи нақзи тафоҳумнома маҳсуб мешавад” – омадааст, дар бахши дигари ин матлаби хабаргузории Тасним.
Дар қисмати дигари матлуб хитоб ба музокиракунадагони эронӣ чанд пурсишҳое матраҳ мешавад, аз ҷумла “магар гуфтугӯҳои тафоҳумнома дар ин ду моҳ сурат нагирифта аст, магар ин тафоҳумнома маҳсули гуфтугӯҳо нест, агар гуфтугӯҳо нофеъ буд, бояд ҳадди ақал ҳамин тафоҳумнома иҷроӣ мешуд” ва ғайра.
Дар фарҷоми матлаб ишора шудааст, ки “мақомоти музокиракунанда на танҳо ҳар гуна гуфтугӯеро иҷро кунанд, балки то дер нашуда тангаи Ҳурмузро низ бояд комил бибанданд. Бар асоси банди 13 тафоҳумнома, боз будани тангаи Ҳурмуз дар шароити феълӣ комилан хатост”.
Ба навиштаи матлаб дар ҳоле, ки “душман ба уҳдадориаш амал накардааст, агар фишор аз рӯйи душман бо боз шудани тангаи Ҳурмуз тахлия шавад, як иштибоҳи роҳбурдии ғайриқобили ҷуброн ба вуҷуд меояд”.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Қариб як сол дер. Санаи баргузории Ҷоми Осиё-2027 тағйир ёфт
Артиши Эрон ҳушдор дод: агар Амрико ҳамла кунад, посухи Эрон аз Ғарби Осиё фаротар меравад
Сафири Тоҷикистон хостори густариши сармоягузории Покистон дар Тоҷикистон шуд
Низомиёни Русия дар Хатлон роҳи мошингардро аз сел тоза карданд