Раиси парлумони Туркманистон: Осиёи Марказӣ ба маркази муҳимми геополитикӣ ва иқтисодӣ табдил меёбад
Чин хостори густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Аврупо шуд
Лавров: “Агар Зеленский хоҳони дидор бо Путин бошад, бояд ба Маскав биёяд”
Хитоби Ироқчӣ ба Мертс: Дигар ҳеч мулоҳиза нахоҳем кард
Қоҳир Расулзода: Тақвияти робитаҳои мо дар чаҳорчӯби Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба вазифаи муҳим табдил меёбад
18-уми июн сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Конфронси байналмилалӣ оид ба таҳкими робитаҳои фарҳангӣ ва рушди соҳаҳои эҷодӣ, ки дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ намуд.
Тавре ки АМИТ “Ховар” хабар медиҳад, дар конфронс ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкории байналмиллалӣ дар самти робитаҳои фарҳангӣ баррасӣ гардида, ба масъалаҳои ҳифзи мероси муштараки таърихӣ, тақвияти робитаҳои башардӯстона, тавсеаи муколамаи байнидавлатӣ ва таҳияи механизмҳои муосири ҳамкорӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд.
Иттилоъ дода мешавад, ки зимни суханронӣ сарвазири кишвар Қоҳир Расулзода иброз дошт, ки кишварҳои моро арзишҳову таърихи муштарак, эҳтироми мутақобила ва арҷ гузоштан ба анъанаҳои якдигар ба ҳам мепайванданд.
“Имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ бештар дарк мекунад, ки фарҳанг ва санъат на танҳо унсурҳои ҳаёти маънавӣ, балки воситаест барои рушди устувори иқтисодӣ ва муттаҳидии иҷтимоӣ. Аз ин рӯ, тақвияти робитаҳои мо дар чаҳорчӯби Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба як вазифаи муҳим табдил меёбад”, - менависад манбаъ аз қавли Қоҳир Расулзода.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Иштироки Пешвои миллат дар Иди картошка
Конор Макгрегор: “Охирин муҳорибаамро ба таври шоиста мегузаронам”
Беларусия дар ҳукумати террористии Толибон сафир таъин кард
Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар оянда дар Тоҷикистон 900 миллион сармоягузорӣ мекунад