3 Ноябр 2026,
сешанбе, 12:47, Душанбе
19.06.2026 09:44

Кохи Сафед: Сафари Вэнс ба Швейтсария лағв шуд/ Муштоқи оғози гуфтугӯҳои фаннӣ ҳастем

Кохи Сафед эълом кард, Ҷей Ди Вэнс, муовини раиси ҷумҳури Амрико, ки қарор буд тибқи барномаи қаблӣ барои имзои ёддошти тафоҳум бо Эрон ба Швейтсария биравад, имшаб (панҷшанбе) ба ин кишвар сафар нахоҳад кард.

Ба гузориши расонаҳои Амрико як сухангӯи Кохи Сафед шаби панҷшанбе ба вақти маҳаллӣ (шарқи Амрико) ба шабакаи “CNN” дар бораи далели лағви сафари Вэнс ба Женеваи Швейтсария чунин гуфтааст: “Сабаби анҷом нашудани ин сафар дар имшаб, масоили ҳалнашудаи логистикӣ марбут ба марҳалаи баъдии музокироти Эрон ва Амрико аст”.

Ин сухангӯи Кохи Сафед эълом кардааст: “Ҳамон гуна ки муовини раиси ҷумҳур дар нишасти матбуотии худ баён кард, барномарезӣ барои гуфтугӯҳои фаннии пешорӯ ҳанӯз ниҳоӣ нашудааст ва ҳайати амрикоӣ омода буд, то ҳарчи зудтар ҳаракат кунад, аммо барнома ва логистикаи ин музокирот ҳаргиз сода ё қобили пешбинӣ набудааст”.

Ин сухангӯи Кохи Сафед афзудааст: “Дар ҳоли ҳозир, муовини раиси ҷумҳур имшаб кишварро тарк намекунад”.

Ин мақоми Кохи Сафед таъкид кардааст: “Муштоқона мунтазири ҳарчи зудтари оғози гуфтугӯҳои фаннӣ ҳастем”.

Вэнс қарор буд рӯзи ҷумъа барои маросими расмии имзои ин ёддошти тафоҳум ба Швейтсария сафар кунад.

Муовини Трамп рӯзи панҷшанбе ба хабарнигорон гуфт, ки қасд дорад барои имзои ҳузурии ин тавофуқ ба Швейтсария сафар кунад, ҳарчанд эътироф кард, ки вақти дақиқи он ҳанӯз муайян нест.

Вэнс ҳамчунин, гуфт интизор меравад музокироти фаннӣ барои ниҳоисозии ин тавофуқ охири ҳамин ҳафта оғоз шавад ва ӯ “қатъан дар ҳоли барномарезӣ” барои раҳбарии тими музокиракунандаи Амрико аст.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

02.11.2026 14:36

Рӯзноманигорон ва блогерони Беларус барои дидани имкониятҳои сайёҳӣ ба Тоҷикистон омадаанд

Як гурӯҳ рӯзноманигорон ва блогерони Беларус барои шиносоӣ бо имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ва муаррифии он ба Тоҷикистон сафар кардаанд. Ҳадафи ин сафар муаррифии имкониятҳои сайёҳӣ, мероси таърихию фарҳангӣ ва анъанаҳои миллии кишвар дар расонаҳои Беларус аст.
02.11.2026 13:26

Зиёда аз 54 километр. Сохтмони роҳи автомобилгарди «Балҷувон – Сари Хосор» оғоз мегардад

Миёни Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ваширкати «Нанҷинг Коммуникейшн Инҷиниринг Компани Лимитед» оид ба сохтмони роҳи автомобилгарди «Балҷувон – Сари Хосор» қарордод ба имзо расид.
02.11.2026 13:10

Пешвои миллат дар ноҳияи Шаҳристон бинои литсейи Идрокро ифтитоҳ намуданд

Имрӯз, 2-юми ноябр зимни сафари корӣ дар ноҳияи Шаҳристон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Ободии деҳоти Бунҷикат муассисаи таълимии хусусии литсейи Идрокро барои 480 хонанда дар ду баст мавриди истифода қарор доданд.
02.11.2026 11:24

Корхонаи коркарди меваю сабзавот, нӯшокиҳои ташнагишикан ва афшураҳои мева мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд

1-уми ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корхонаи коркарди меваю сабзавот, истеҳсоли нӯшокиҳои ташнагишикан ва афшураҳои мевагии ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Сирдарёро ба истифода доданд.
02.11.2026 10:43

Сарвари давлат бинои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғдро ифтитоҳ намуданд

1-уми ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кӯчаи Камоли Хуҷандии шаҳри Хуҷанд бинои кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷандро ифтитоҳ намуданд.
02.11.2026 10:25

Даври чоруми бақайдгирии довталабон оғоз шуд. Киҳо метавонанд донишҷӯ бишаванд?

Имрӯз, 2-юми ноябр даври чоруми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон (ИМД) оғоз гардид.
31.10.2026 14:28

Раиси парлумони Туркманистон: Осиёи Марказӣ ба маркази муҳимми геополитикӣ ва иқтисодӣ табдил меёбад

Дунягозел Гулманова, раиси Маҷлиси Туркманистон гуфт, ки афзоиши ҳамкориҳои минтақавӣ ва густариши робитаҳо бо шарикони байналмилалӣ мавқеи Осиёи Марказиро дар иқтисоди ҷаҳон тақвият мебахшад. Дунягозел Гулманова ин нуктаро рӯзи 29-уми октябр дар ҷараёни Форуми чоруми байнипарлумонии кишварҳои Осиёи Марказӣ дар шаҳри Душанбе баён кардааст.
31.10.2026 13:54

Ноҳияи Данғара барандаи ҷоизаи байналмилалии «Барои шарикии барҷаста бо Чин» шуд

Имрӯз 31-уми октябр вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ҷоизаи байналмилалии «Барои шарикии барҷаста бо Чин» (Friendship City Award for Outstanding Partnership with China)-ро ба раиси ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон Сиҷоуддин Саломзода супорид.