Раиси парлумони Туркманистон: Осиёи Марказӣ ба маркази муҳимми геополитикӣ ва иқтисодӣ табдил меёбад
Чин хостори густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Аврупо шуд
Лавров: “Агар Зеленский хоҳони дидор бо Путин бошад, бояд ба Маскав биёяд”
Хитоби Ироқчӣ ба Мертс: Дигар ҳеч мулоҳиза нахоҳем кард
Толибон се коргари маъданҳои тиллоро дар Тахори Афғонистон куштаанд
Манобеъ аз Тахори Афғонистон ба расонаҳои ин кишвар гуфтаанд, ки гурӯҳи террористии Толибон се коргари кони тиллоро ҳангоми ҳамла ба кони тилои ноҳияи “Хоҷағор”-и вилояти Тахор ба қатл расондаанд.
Рӯзномаи “8-и субҳ”-и Афғонистон дар такя ба манобеъи худ навишааст, ки яке аз қурбониён сокини ноҳияи Дашти Қалъа ва ду нафари дигар сокинони ноҳияи Хоҷағори вилояти Тахор будаанд.
Манобеъ гуфтаанд, ки ин афрод бо тирпарронӣ аз ҷониби ҷангҷӯёни Толибон кушта шудаанд.
Бар асоси иттилои манобеъ, ду шаб қабл ҷангҷӯёни Толибон бо баҳонаи пешгирӣ аз истихроҷи “ғайриқонунӣ”-и тилло ба кон ҳамла бурда, се коргареро, ки аз тарси онҳо фирор карда буданд, ҳадафи тир қарор додаанд.
Ба гуфтаи манобеъ, Толибон иддао кардаанд, ки ин коргарон ҳангоми талош барои фирор аз боздошт, аз мошин худро ба замин партофтаанд ва ба далели баста будани дастҳояшон дар оби ҷӯй ғарқ шудаанд.
Ин дар ҳолест, ки бо бозгашти дубораи Толибон ба қудрат дар Афғонистон, даҳҳо мавриди боздошт, шиканҷа ва куштори ғайриқонунӣ аз ҷониби ҷангҷӯёни ин гурӯҳ дар нуқоти мухталифи Афғонистон гузориш шудааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Иштироки Пешвои миллат дар Иди картошка
Конор Макгрегор: “Охирин муҳорибаамро ба таври шоиста мегузаронам”
Беларусия дар ҳукумати террористии Толибон сафир таъин кард
Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар оянда дар Тоҷикистон 900 миллион сармоягузорӣ мекунад