“Санксияҳои амрикоӣ дар мекӯбанд?” Амрико аз кишварҳои Осиёи Марказӣ хост роҳи тиҷорат бо Эронро маҳдуд кунанд
Суҳбати Масъуд Пизишкиён дар “Индиа тудей”: бо кишварҳои минтақа мушкил надорем, бо пойгоҳҳои Амрико мушкил дорем
Таҳлилгари исроилӣ: нишонаҳои шикасти стратегии Амрико дар ҷанги Эрон ошкор шудаанд
76 соли зиндагии Малика Қаландарова: рақс, шуҳрат, муҳоҷират ва муҳаббат ба Тоҷикистон
Вазири молияи Исроил: “Тафоҳуми Амрико бо Эрон барои мо бад аст”
Вазири молияи Исроил рӯзи 15-уми июн тафоҳуми ҳосилшуда миёни Эрон ва Амрикоро башиддат интиқод кардааст.
Бетсалел Смотрич, вазири молияи Исроил имрӯз, 15-уми июн тафоҳуми миёни Амрико ва Эронро як тафоҳуми “бад барои Исроил” тавсиф кардааст.
Ӯ дар ҳисоби корбарии худ дар шабакаи “Икс” навиштааст: “Тавофуқ бо Эрон барои Исроил ва барои тамоми ҷаҳони озод бад аст. Тамом!”
Смотрич дар идомаи паёми худ навиштааст, ки Исроил бояд ба маъракаи худ дар Эрон идома диҳад то ҳукумати Эронро сарнагун кунад.
Пас аз эълони ниҳоӣ шудани тафоҳум миёни Эрон ва Амрико барои поёни ҷанг дар ҳама ҷабҳаҳо, аз ҷумла Лубнон, маҳфилҳои сиёсӣ ва амниятӣ дар Тел-Авив ин тавофуқро як шоки стратегӣ барои Исроил донистанд.
Ба гузориши “Ал-Ҷазира”, рӯзномаҳо, сомонаҳои хабарӣ ва шабакаҳои телевизионии барҷастаи режими Исроил муҳтавои ин тавофуқро таҳлил карданд ва шикофи амиқ миёни хаёлот ва воқеиятҳои сиёсӣ ва майдонии таҳмилшуда ба Исроилро ошкор сохтанд.
Дар ин замина Барак Равид, хабарнигор ва коршиноси низомии Исроил, дар гуфтугӯ бо “Шабакаи 12” ҷузъиёти пасипардаи як тамоси телефонӣ, ки дар он Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико, тафоҳум бо Эронро ба Бенямин Нетаняҳу таҳмил кард, матраҳ намуд.
Ин хабарнигори Исроил ба нақл аз як мақоми олирутбаи амрикоӣ гуфт: “Раиси ҷумҳур Трамп ба Нетаняҳу гуфт: “Ин тафоҳум аст ва тафоҳуми олӣ аст ва замони поён додан ба ин ҷанг фаро расидааст”.
Вай афзуд: “Ин мақоми амрикоӣ, ки номаш фош нашудааст, бо сабти бештари нишонаҳои нотавонии Исроил гуфт: “Би-би (Бенямин) дар ин тамос чизи зиёде нагуфт: шояд ӯ медонист, ки тафоҳуме ҳосил хоҳад шуд ва қудрате барои таваққуфи он надорад”.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Сарвазири Қатар: “Эрон ҳамсояи Қатар аст ва ҳамеша чунин боқӣ хоҳад монд”
Арабистони Саудӣ дар 24 соат 94 бор ба Яман ҳамла кард
Вохӯрии Ҳабибулло Воҳидзода бо Александр Баженов
Даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» ҷамъбаст гардид