19 Сентябр 2026,
шанбе, 04:43, Душанбе
15.06.2026 14:56

Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон ду ҷангҷӯи Толибон дар Ҳиротро куштааст

Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон иддао кардааст, ки дар як амалиёти низомии онҳо дар вилояти Ҳирот ду ҷангҷӯи гурӯҳи террористии Толибон кушта шудаанд.

Ҷабҳаи муқовимат рӯзи душанбе, 15-уми июн бо нашри баёнияе гуфтааст, ки ин амалиёт шаби шанбе, дар ноҳияи Анҷили вилояти Ҳирот анҷом дода шудааст.

Бар асоси баёния, неруҳои Ҷабҳаи муқовимат шабона ба мавзеъи Толибон ҳамла кардаанд, ки дар натиҷаи он ду ҷангҷӯи ин гурӯҳ кушта шудаанд.

Дар баёния омадааст, ки ин амалиёт дар ҳимоят аз ҳуқуқи занон анҷом шудааст ва неруҳои Ҷабҳаи муқовимат ба ҳамлаҳои ҳадафмандонаи худ дар минтақаҳои мухталифи Афғонистон идома хоҳанд дод.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

18.09.2026 18:29

“Санксияҳои амрикоӣ дар мекӯбанд?” Амрико аз кишварҳои Осиёи Марказӣ хост роҳи тиҷорат бо Эронро маҳдуд кунанд

Хабаргузории “Меҳр”-и Эрон бо такя ба манобеи иттилоотӣ навишт, ки мақомоти амрикоӣ дар тозатарин ҳаракати дипломатӣ аз кишварҳои Осиёи Марказӣ хостаанд, ки роҳи тиҷорат бо Эронро бибанданд. Ин хабаргузорӣ дар пасманзари ин пешниҳоди Амрико навишт: “Роҳи оҳан, шоҳроҳ, бандар, қубури газ ва масири транзитӣ дар як шаб бунёд намешавад. Барои ҳамин, агар Эрон барои минтақа фақат як бозори нисбатан хурд мебуд, ҷудо шудан аз он осонтар менамуд. Вақте сухан аз роҳи дастрасӣ ба баҳр ва бозорҳои ҷанубӣ меравад, масъала хеле мураккабтар мешавад”.
18.09.2026 18:38

Ду кудак бо дастони баста дар ғори Муъминобод пайдо шуданд

Сокинони як деҳа дар ноҳияи Муъминобод дар нисфи шаб бо як саҳнаи такондиҳанда рӯ ба рӯ шуданд. Онҳо ду кӯдаки хурдсолро бо дастони баста, дар як ғор, дар зери буттаҳо пайдо намуданд. Ин ду кӯдак иқрор намуданд, ки онҳоро дуздида, бо дастони баста дар ин ғор ҷо додаанд.
18.09.2026 14:04

Ба ҷои метро дар Душанбе роҳи оҳани шаҳрӣ. Тоҷикистон аз ширкатҳои кореягӣ хост дар ин тарҳ сармоягузорӣ кунанд

Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ширкатҳои Кореяи Ҷанубӣ даъват намуд, ки дар бунёди роҳи оҳани шаҳрии Душанбе, ки арзиши он беш аз як миллиард доллар аст, ширкат ва сармоягузорӣ кунанд.
18.09.2026 12:16

Сарвазири Шветсия пас аз шикасти интихоботӣ истеъфо дод

Сарвазири Шветсия Улф Кристерссон пас аз натиҷаи ниҳоии интихоботи парлумонӣ аз мақомаш истеъфо дод. Ин иқдом роҳро барои ташкили ҳукумати нави таҳти раҳбарии Магдалена Андерссон боз мекунад.
18.09.2026 08:38

Фестивали байналмилалии санъати сиркӣ расман оғоз шуда, осорхонаи Сирк ифтитоҳ гардид

Бинобар иттилои маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар шаҳри Душанбе нахустин Фестивали байналмилалии санъати сиркӣ таҳти унвони «Дунёи сирк — пайвандгари қалбҳо» оғоз гардид.
18.09.2026 07:36

Ҷалби сармоягузорӣ ва роҳандозии корхонаҳои муштарак. Раҷаб Аҳмадзода бо намояндагони мақомоти давлатӣ ва соҳибкорони рус мулоқот кард

Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода бо намояндагони Думаи вилояти Воронеж, мақомоти намояндагии минтақавӣ, Палатаи савдо ва саноати вилояти Рязан ва соҳибкорони рус мулоқот намуд.
17.09.2026 17:24

Хабарнигори “Телевизиони Тоҷикистон” дар садамаи нақлиётӣ ҷон бохт

Хабарнигори шабакаи “Телевизиони Тоҷикистон” Маҳмадраҷаб Абдуллозода дар як садамаи нақлиётӣ дар роҳи мошингарди Душанбе-Чаноқ ҷон бохтааст. Дар натиҷаи ин садама се ҳамроҳи ӯ низ ҷароҳат бардоштаанд.
17.09.2026 16:17

Дар Душанбе Ҷаласаи 25-уми вазирони масъули фаъолияти иқтисод ва савдои хориҷии СҲШ доир шуд

Имрӯз, 17-уми сентябр дар шаҳри Душанбе бо роҳбарии вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмон Абдураҳмонзода ва бо иштироки роҳбарон ва намояндагони вазорату идораҳои масъули фаъолияти иқтисод ва савдои хориҷии кишварҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай, ҷаласаи 25-уми вазирони масъули фаъолияти иқтисод ва савдои хориҷии Созмони Ҳамкории Шанхай баргузор шуд.