Раиси парлумони Туркманистон: Осиёи Марказӣ ба маркази муҳимми геополитикӣ ва иқтисодӣ табдил меёбад
Чин хостори густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Аврупо шуд
Лавров: “Агар Зеленский хоҳони дидор бо Путин бошад, бояд ба Маскав биёяд”
Хитоби Ироқчӣ ба Мертс: Дигар ҳеч мулоҳиза нахоҳем кард
Макрон: “Тавофуқи Амрико ва Эрон бояд ба таври комил иҷро шавад”
Эммануэл Макрон, раиси ҷумҳури Фаронса, аз тавофуқи бадастомада миёни Амрико ва Эрон истиқбол карда ва хостори иҷрои сареъ ва комили он шудааст.
Макрон бомдоди душанбе, 15-уми июн дар “Икс” навиштааст, ин тавофуқ натиҷаи талошҳои дипломатие аст, ки чандин кишвар ва шарики байналмилалӣ дар он нақш доштаанд.
Ӯ афзудааст, ки ин тавофуқ бояд ба бозгушоии фаврӣ ва бидуни қайду шарти тангаи Ҳурмуз мусоидат кунад ва таъкид кардааст, ки азсаргирии ҳамли дарёӣ бидуни маҳдудият барои суботи минтақа ва иқтисоди ҷаҳонӣ зарурӣ аст.
Раиси ҷумҳури Фаронса, ҳамчунин, гуфтааст, ки ин тавофуқ заминаро барои музокироти густардатар дар бораи сулҳ ва амният дар Ховари Миёна фароҳам мекунад.
Ба гуфтаи ӯ, ин музокирот бояд мавзуъҳои марбут ба барномаи ҳастаӣ ва мушакҳои болистикии Эрон ва низ нигарониҳо дар бораи фаъолиятҳои минтақаии ин кишварро дар бар гирад.
Макрон ҳамчунин, бар идомаи ҳимояти Фаронса аз талошҳои мақомоти Лубнон барои тақвияти ҳокимияти давлат ва ҳифзи субот ва тамомияти арзии ин кишвар таъкид кардааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Иштироки Пешвои миллат дар Иди картошка
Конор Макгрегор: “Охирин муҳорибаамро ба таври шоиста мегузаронам”
Беларусия дар ҳукумати террористии Толибон сафир таъин кард
Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар оянда дар Тоҷикистон 900 миллион сармоягузорӣ мекунад