Низомиёни Русия дар Хатлон роҳи мошингардро аз сел тоза карданд
Беларусия дар ҳукумати террористии Толибон сафир таъин кард
Раиси парлумони Туркманистон: Осиёи Марказӣ ба маркази муҳимми геополитикӣ ва иқтисодӣ табдил меёбад
Чин хостори густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Аврупо шуд
Шаҳбоз Шариф: “Матни тафоҳум миёни Амрико ва Эрон ниҳоӣ шудааст”
Шаҳбоз Шариф, нахуствазири Покистон, эълом кардааст, ки матни ниҳоии тафоҳум миёни Иёлоти Муттаҳида ва Эрон мавриди мувофиқати ду тараф қарор гирифта ва қадамҳои баъдии ин раванд дар ҳоли ниҳоӣ шудан аст.
Шаҳбоз Шариф рӯзи ҷумъа, 12-уми июн, гуфтааст, ки “матни ниҳоӣ ва мавриди мувофиқати” ин тафоҳумнома ба даст омада ва тарафҳо акнун рӯйи марҳилаи баъдӣ кор мекунанд.
Дар ҳамин ҳол, Аббос Ироқчӣ, вазири корҳои хориҷаи Эрон, гуфтааст, ки имзои тафоҳумнома миёни Теҳрон ва Вашингтон “беш аз ҳар вақти дигар наздиктар” шудааст.
Ӯ аз расонаҳо хостааст, ки дар бораи муҳтавои ин тавофуқ гумонзанӣ накунанд.
Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико, низ пештар пас аз нашри гузоришҳое дар расонаҳои эронӣ дар бораи ҷузъиёти тавофуқи дар ҳоли музокира, аз Эрон интиқод карда буд.
Ин изҳорот дар ҳоле матраҳ мешавад, ки гузоришҳо аз пешрафти музокирот миёни Амрико ва Эрон барои дастёбӣ ба як тавофуқи ҷадид хабар медиҳанд ва ду тараф дар талош барои ниҳоӣ кардани ҷузъиёти он ҳастанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Қариб як сол дер. Санаи баргузории Ҷоми Осиё-2027 тағйир ёфт
Артиши Эрон ҳушдор дод: агар Амрико ҳамла кунад, посухи Эрон аз Ғарби Осиё фаротар меравад
Сафири Тоҷикистон хостори густариши сармоягузории Покистон дар Тоҷикистон шуд
Низомиёни Русия дар Хатлон роҳи мошингардро аз сел тоза карданд