Раиси парлумони Туркманистон: Осиёи Марказӣ ба маркази муҳимми геополитикӣ ва иқтисодӣ табдил меёбад
Чин хостори густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Аврупо шуд
Лавров: “Агар Зеленский хоҳони дидор бо Путин бошад, бояд ба Маскав биёяд”
Хитоби Ироқчӣ ба Мертс: Дигар ҳеч мулоҳиза нахоҳем кард
Расонаҳои Афғонистон: Толибон дар Қандаҳор мардумро ба хотири тарошидани риш боздошт мекунанд
Манобеъи маҳаллӣ аз Қандаҳори Афғонистон ба расонаҳои ин кишвар гуфтаанд, ки дар ду-се рӯзи ахир дар нуқтаҳои мухталифи шаҳри Қандаҳор намояндагони амр ба маъруф ва наҳй аз мункари гурӯҳи террористии Толибон афродеро ба далели тарошидан ё кӯтоҳ кардани риш боздошт кардаанд.
Ин манбаъ рӯзи ҷумъа, 12-уми июн ба рӯзномаи “8-и субҳ” гуфтаанд, ки намояндагони Толибон дар нуқтаҳои мухталифи шаҳри Қандаҳор мардумро ба далели тарошидан ё кӯтоҳ кардани риш бозмедоранд ва мавриди пурсиш қарор медиҳанд.
Ин манобеъ гуфтаанд, ки дар хиёбони Аҳмадшоҳӣ, Ҳирот Бозор ва Чаҳорроҳаи Мадади шаҳри Қандаҳори Афғонистон намояндагони Толибон, ки чапанҳои сафед пӯшидаанд, аз дӯконҳо ва маконҳои омма дидан карда ва касонеро боздошт кардаанд.
Ба гуфтаи манобеъ, касоне, ки ба далели тарошидан ё кӯтоҳ кардани риш аз сӯйи Толибон боздошт мешаванд, баъд аз муддате бо миёнаравии бузургони маҳал озод мешаванд.
Дар рӯзҳои охир Вазорати амр ба маъруф ва наҳй аз мункари Толибон корзори сахтеро барои бархӯрд бо заноне, ки ҳиҷоби мавриди назари ин гурӯҳро риоят намекунанд ва мардоне, ки риши худро бо қавоиди Толибон мутобиқ намесозанд, оғоз кардааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Иштироки Пешвои миллат дар Иди картошка
Конор Макгрегор: “Охирин муҳорибаамро ба таври шоиста мегузаронам”
Беларусия дар ҳукумати террористии Толибон сафир таъин кард
Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар оянда дар Тоҷикистон 900 миллион сармоягузорӣ мекунад