4 Октябр 2026,
якшанбе, 07:37, Душанбе
12.06.2026 12:12

Иддаои Трамп: “Ҷанг бо Эрон ба поён расид”

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури ИМА, ҳамзамон бо афзоиши танишҳо миёни қувваҳои артиши ИМА ва Эрон, дар бораи музокирот бо ин кишвар суҳбат кардааст ва иддао кардааст, ки ҷанг бо Эрон тамом шудааст.

Шабакаи “Ал-Ҷазира”, рӯзи ҷумъа, 12-уми июн, гузориш додааст, ки Доналд Трамп ин изҳоротро дар як гирдиҳамоӣ дар ҳимояи Барри Мур, номзад ба Сенат, иброз кардааст.

Бар асоси гузоришҳо, Трамп иддао кардааст, ки имрӯз ҷанг бо Эрон поён ёфта ва Теҳрон розӣ шудааст, ки ҳеч гоҳ силоҳи ҳастаӣ надошта бошад.

Раиси ҷумҳури ИМА афзудааст, ки бо Эрон ба созишномаи бузург расида ва даъво кардааст, ки ба ҳарчи дар ин созиш мехостааст, даст ёфтааст.

Ӯ гуфтааст: “Намедонам шунидаед ё не, аммо мо имрӯз ҷанг бо Эронро поён додем ва онҳо розӣ шуданд, ки ҳеч гоҳ силоҳи ҳастаӣ надошта бошанд, чизе ки мо ба он таъкид мекардем”.

Доналд Трамп иддао кардааст, Эрон ҳамчунин, розӣ шудааст, ки силоҳи ҳастаӣ нахарад.

Трамп гуфтааст: “Нуктаи муҳим ин аст, ки ҳеч силоҳи ҳастаӣ дар Эрон вуҷуд нахоҳад дошт. Ин ба маънои рушди наёфтан ва харидорӣ нашудани он мебошад”.

Ин дар ҳолест, ки рӯзи гузашта, Доналд Трамп таҳдид карда буд, ки шаби панҷшанбе зарбаи сахт ба Эрон аз ҷониби артиши ИМА зада хоҳад шуд.

Ӯ ҳамчунин, афзуда буд, ки ба зудӣ ҷазираи Хорк, гулӯгоҳи нафтии Эрон дар Халиҷи Форсро ишғол хоҳад кард.

Бо вуҷуди ин, ҳанӯз маълум нест, ки Вашингтон ва Теҳрон ба созиш барои анҷоми ҷанг, бозкушоии тангаи Ҳурмуз ва ҳалли парвандаи ҳастаии Эрон даст ёфтаанд ё не.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо