3 Ноябр 2026,
сешанбе, 12:45, Душанбе
12.06.2026 07:55

Эътирозҳои Ҳирот: коршиносони Созмони Милал: Толибон бояд ба уҳдадории ҳуқуқи башарӣ пойбанд бошанд

Коршиносони Созмони Милали Муттаҳид дар вокуниш ба боздошти занон ва саркӯби эътирозгарон дар Ҳироти Афғонистон мегӯянд, ки Толибон бояд ба уҳдадории ҳуқуқи башарӣ, аз ҷумла Конвенсияи манъи шиканҷа ва Конвенсияи маҳви табъиз алайҳи занон пойбанд бошанд.

Коршиносон рӯзи 11-уми июн бо нашри эъломияе нисбат ба гузоришҳое дар бораи “истифодаи беш аз ҳадди зӯр” алайҳи эътирозгарон дар шаҳри Ҳирот изҳори нигаронии амиқ кардаанд.

Дар эъломия омада, ки истифода аз зӯр дар иҷрои қонун танҳо дар чорчӯби ҳуқуқи байналмилал ва ба сурати қонунӣ, зарурӣ ва мутаносиб аст.

Рӯзи сешанбеи гузашта, шуморе аз мардум дар Ҳирот барои эътироз ба маҳдудиятҳо ва боздошти даҳҳо зан ба далели надоштани ҳиҷоб (бурқаъ) дар Ҳирот таҷаммуъи эътирозӣ баргузор карданд.

Бар асоси эъломия, ҷангҷӯёни гурӯҳи террористи Толибон ба сӯйи эътирозгарон, ки аз мардон, занон ва кӯдакон иборат буданд тирандозӣ карда ва ононро латукӯб карданд, ки дар натиҷа дастикам ду тан аз ҷумла як кӯдак кушта ва беш аз бист тан захмӣ шуданд.

Коршиносони Созмони Милал аз Толибон хостаанд, то дар бораи ин рӯйдод таҳқиқоти фаврӣ, мустақил ва шаффоф анҷом диҳанд ва аз идомаи саркӯби эътирозҳо ҷилавгирӣ кунанд.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

02.11.2026 14:36

Рӯзноманигорон ва блогерони Беларус барои дидани имкониятҳои сайёҳӣ ба Тоҷикистон омадаанд

Як гурӯҳ рӯзноманигорон ва блогерони Беларус барои шиносоӣ бо имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ва муаррифии он ба Тоҷикистон сафар кардаанд. Ҳадафи ин сафар муаррифии имкониятҳои сайёҳӣ, мероси таърихию фарҳангӣ ва анъанаҳои миллии кишвар дар расонаҳои Беларус аст.
02.11.2026 13:26

Зиёда аз 54 километр. Сохтмони роҳи автомобилгарди «Балҷувон – Сари Хосор» оғоз мегардад

Миёни Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ваширкати «Нанҷинг Коммуникейшн Инҷиниринг Компани Лимитед» оид ба сохтмони роҳи автомобилгарди «Балҷувон – Сари Хосор» қарордод ба имзо расид.
02.11.2026 13:10

Пешвои миллат дар ноҳияи Шаҳристон бинои литсейи Идрокро ифтитоҳ намуданд

Имрӯз, 2-юми ноябр зимни сафари корӣ дар ноҳияи Шаҳристон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Ободии деҳоти Бунҷикат муассисаи таълимии хусусии литсейи Идрокро барои 480 хонанда дар ду баст мавриди истифода қарор доданд.
02.11.2026 11:24

Корхонаи коркарди меваю сабзавот, нӯшокиҳои ташнагишикан ва афшураҳои мева мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд

1-уми ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корхонаи коркарди меваю сабзавот, истеҳсоли нӯшокиҳои ташнагишикан ва афшураҳои мевагии ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Сирдарёро ба истифода доданд.
02.11.2026 10:43

Сарвари давлат бинои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғдро ифтитоҳ намуданд

1-уми ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кӯчаи Камоли Хуҷандии шаҳри Хуҷанд бинои кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷандро ифтитоҳ намуданд.
02.11.2026 10:25

Даври чоруми бақайдгирии довталабон оғоз шуд. Киҳо метавонанд донишҷӯ бишаванд?

Имрӯз, 2-юми ноябр даври чоруми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон (ИМД) оғоз гардид.
31.10.2026 14:28

Раиси парлумони Туркманистон: Осиёи Марказӣ ба маркази муҳимми геополитикӣ ва иқтисодӣ табдил меёбад

Дунягозел Гулманова, раиси Маҷлиси Туркманистон гуфт, ки афзоиши ҳамкориҳои минтақавӣ ва густариши робитаҳо бо шарикони байналмилалӣ мавқеи Осиёи Марказиро дар иқтисоди ҷаҳон тақвият мебахшад. Дунягозел Гулманова ин нуктаро рӯзи 29-уми октябр дар ҷараёни Форуми чоруми байнипарлумонии кишварҳои Осиёи Марказӣ дар шаҳри Душанбе баён кардааст.
31.10.2026 13:54

Ноҳияи Данғара барандаи ҷоизаи байналмилалии «Барои шарикии барҷаста бо Чин» шуд

Имрӯз 31-уми октябр вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ҷоизаи байналмилалии «Барои шарикии барҷаста бо Чин» (Friendship City Award for Outstanding Partnership with China)-ро ба раиси ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон Сиҷоуддин Саломзода супорид.