Низомиёни Русия дар Хатлон роҳи мошингардро аз сел тоза карданд
Беларусия дар ҳукумати террористии Толибон сафир таъин кард
Раиси парлумони Туркманистон: Осиёи Марказӣ ба маркази муҳимми геополитикӣ ва иқтисодӣ табдил меёбад
Чин хостори густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Аврупо шуд
Гутерриш: “Маҳдудиятҳо дар тангаи Ҳурмуз сабаби бесуботӣ дар саросари ҷаҳон мешавад”
Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, гуфтааст, ки маҳдудиятҳои амалишуда бар ҳуқуқ ва озодиҳои киштиронӣ дар тангаи Ҳурмуз ва минтақаҳои атрофи он, сабаби душворӣ ва бесуботӣ дар саросари ҷаҳон мешавад.
Гутерриш рӯзи панҷшанбе, 11-уми июн, дар саҳифаи “X” навиштааст, ки ҳатто дар беҳтарин ҳолат низ оқибатҳои ин вазъият барои моҳҳо идома хоҳад дошт ва кишварҳои дар ҳоли рушд бештар аз ҳама зарар хоҳанд дид.
Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид хостааст, ки оташбаси комил барқарор шавад ва ҳуқуқ ва озодиҳои киштиронӣ дар тангаи Ҳурмуз мувофиқи қонунҳои байналмилалӣ баргардонида шавад.
Ӯ гуфтааст: “Ҷаҳон ба оташбаси комил ниёз дорад: оташбасе, ки дар он ҳуқуқ ва озодиҳои киштиронӣ мувофиқи қонунҳои байналмилалӣ боз барқарор шавад”.
Гутерриш дар ин изҳороти худ аз нақзи оташбас аз сӯйи Амрико ва ҳамла ба Эрон ҳарфе нагуфтааст.
Қаблан расонаҳои эронӣ хабар дода буданд, ки дар пайи даргириҳои охир байни Эрон ва Амрико дар Халиҷи Форс, тангаи Ҳурмуз ба таври комил баста шудааст.
Ин изҳорот дар ҳолест, ки нигарониҳо дар бораи амнияти киштиронӣ дар тангаи Ҳурмуз ва оқибатҳои он бар иқтисоди ҷаҳонӣ ҳамчунон афзоиш меёбанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Қариб як сол дер. Санаи баргузории Ҷоми Осиё-2027 тағйир ёфт
Артиши Эрон ҳушдор дод: агар Амрико ҳамла кунад, посухи Эрон аз Ғарби Осиё фаротар меравад
Сафири Тоҷикистон хостори густариши сармоягузории Покистон дар Тоҷикистон шуд
Низомиёни Русия дар Хатлон роҳи мошингардро аз сел тоза карданд