Низомиёни Русия дар Хатлон роҳи мошингардро аз сел тоза карданд
Беларусия дар ҳукумати террористии Толибон сафир таъин кард
Раиси парлумони Туркманистон: Осиёи Марказӣ ба маркази муҳимми геополитикӣ ва иқтисодӣ табдил меёбад
Чин хостори густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Аврупо шуд
Даргириҳои тоза дар Халиҷи Форс: Эрон аз баста шудани комили тангаи Ҳурмуз хабар дод
Расонаҳои эронӣ гузориш додаанд, ки дар пайи даргириҳои охир байни Эрон ва Амрико дар Халиҷи Форс, тангаи Ҳурмуз ба таври комил баста шудааст.
Хабаргузории “Форс”, рӯзи панҷшанбе, 11-уми июн, гузориш додааст, ки ин мавзуъ аз сӯйи Қароргоҳи марказии Хотам-ул-анбиё эълом шудааст.
Бар асоси гузориш, Қароргоҳи марказии Хотам-ул-анбиё, маркази фармондеҳии кулли неруҳои мусаллаҳи Эрон, эълом кардааст, ки ба далели ноамнӣ дар минтақа, тангаи Ҳурмуз барои ҳаракати ҳар гуна киштӣ баста аст.
Фармондеҳии марказии неруҳои эронӣ ҳушдор додааст, ки ҳар гуна ҳаракат дар тангаи Ҳурмуз, новобаста аз тиҷоратӣ ё нафткаш буданаш, ҳадаф қарор хоҳад гирифт.
Дар гузоришҳои расонаҳои эронӣ, сабаби эъломи баста шудани тангаи Ҳурмуз оғози ҳамлаҳои неруҳои амрикоӣ ба баъзе минтақаҳо дар вилояти Ҳурмузгони Эрон унвон шудааст.
Дар чанд рӯзи охир, неруҳои амрикоӣ, ки дар минтақа мустақар ҳастанд, ва Сипоҳи Посдорони Эрон ҳамлаҳои мутақобил ба ҳам анҷом додаанд.
Шаби гузашта, Маркази фармондеҳии артиши Амрико (СЕНТКОМ) эълом кардааст, ки ба ҳадафҳое дар ҷануби Эрон ҳамла кардааст.
Эрон низ аз ҳамлаҳои мутақобил ба пойгоҳҳои Амрико дар кишварҳои соҳили ҷанубии Халиҷи Форс хабар додааст.
Ин дар ҳолест, ки Эрон ва Амрико бо миёнаравии Покистон барои расидан ба созиш барои хотима додан ба ҷанг музокира доранд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Қариб як сол дер. Санаи баргузории Ҷоми Осиё-2027 тағйир ёфт
Артиши Эрон ҳушдор дод: агар Амрико ҳамла кунад, посухи Эрон аз Ғарби Осиё фаротар меравад
Сафири Тоҷикистон хостори густариши сармоягузории Покистон дар Тоҷикистон шуд
Низомиёни Русия дар Хатлон роҳи мошингардро аз сел тоза карданд