Низомиёни Русия дар Хатлон роҳи мошингардро аз сел тоза карданд
Беларусия дар ҳукумати террористии Толибон сафир таъин кард
Раиси парлумони Туркманистон: Осиёи Марказӣ ба маркази муҳимми геополитикӣ ва иқтисодӣ табдил меёбад
Чин хостори густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Аврупо шуд
Эрон аз ҳамла ба 18 ҳадафи артиши Амрико дар 2 мавҷи амалиётӣ хабар дод
18 ҳадафи муҳимми вобаста ба артиши Амрико тайи 2 мавҷи амалиётии Эрон мавриди ҳадаф қарор гирифтаанд.
Ба гузориши хабаргузории Тасним, субҳи имрӯз, 11-уми июн Ҷумҳурии Исломии Эрон дар посух ба ҳамлаҳои Амрико 18 ҳадафи муҳимми мутааллиқ ба артиши ин кишвар дар минтақаро мушакборон кардааст.
Дар ин бора Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломии Эрон баёния нашр кардааст, ки дар он гуфта мешавад: “Размандагони шуҷои Неруи ҳавофазо ва қаҳрамонони Неруи дарёии Сипоҳ саҳаргоҳи имрӯз дар танбеҳи мутаҷовиз ва посух ба тааррузи (ҳамлаи) артиши кӯдаккуши Амрико ба баъзе аз воҳидҳои хадамотӣ ва посгоҳҳои соҳилии Сипоҳ ва Фармондеҳии интизомӣ ва фурудгоҳи Бандар Аббос, тайи ду мавҷи амалиётӣ, 18 ҳадафи муҳимми мутааллиқ ба артиши Амрико дар пойгоҳҳои ҳавоии Алӣ Ас-Солим ва Аҳмад-ул-Ҷобир ва ҳамчунин, пойгоҳҳои ҳавоии “Шайх Исо”-ро мавриди исобат қарор дода ва мунҳадим (нобуд) карданд”.
Ҳамлаҳои ҳавоии Эрон ба ҳадафҳои муҳимми Амрико дар минтақа дар ҳоле сурат мегирад, ки соате қабл Сентком, Фармондеҳии марказии неруҳои Амрико аз ҳамлаҳои шадид ба хоки Эрон хабар дода буд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Қариб як сол дер. Санаи баргузории Ҷоми Осиё-2027 тағйир ёфт
Артиши Эрон ҳушдор дод: агар Амрико ҳамла кунад, посухи Эрон аз Ғарби Осиё фаротар меравад
Сафири Тоҷикистон хостори густариши сармоягузории Покистон дар Тоҷикистон шуд
Низомиёни Русия дар Хатлон роҳи мошингардро аз сел тоза карданд