Раиси парлумони Туркманистон: Осиёи Марказӣ ба маркази муҳимми геополитикӣ ва иқтисодӣ табдил меёбад
Чин хостори густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Аврупо шуд
Лавров: “Агар Зеленский хоҳони дидор бо Путин бошад, бояд ба Маскав биёяд”
Хитоби Ироқчӣ ба Мертс: Дигар ҳеч мулоҳиза нахоҳем кард
Берни Сандерс: “Мардуми Амрико хоҳони кумаки низомии бештари Вашингтон ба Исроил нестанд”
Сенатори амрикоӣ буҷети низомии ин кишварро, ки қисме аз он ба Исроил равона мешавад, интиқод намуда, таъкид кард, ки мардуми Амрико кумаки низомии бештари Амрико ба Исроилро намехоҳанд.
Ба гузориши расонаҳо Берни Сандерс рӯзи сешанбе дар паёме дар шабакаи иҷтимоии “Х” навишт, ки Бинёмин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, аз банди маъруф ба 224 истифода мекунад, зеро ин банд ба таври доимӣ ҳамкории низомӣ ва рушди таслиҳотии Амрико ва Исроилро тақрибан бидуни назорат густариш медиҳад.
Ӯ таъкид кард: “Мардуми Амрико кумаки низомии бештари Амрико ба Исроилро намехоҳанд. Мо бояд бахши 224-ро тағйир диҳем”.
Банди 224 вазири дифои Амрикоро муваззаф мекунад, ки як “намояндаи иҷроӣ”-ро барои ҳамоҳангсозии ҳамкории низомӣ байни Амрико ва Исроил муаррифӣ кунад.
Ин кор шомили таҳқиқу рушди муштарак, тавлиди муштараки силоҳ ва пайваст намудани системаҳо ва иттилооти низомӣ хоҳад буд.
Ин банд ҳамчунин, фаъолияти муштараки Амрико ва Исроилро ба бахшҳои бисёр бештари ҷанги муосир, аз ҳуши маснуъӣ гирифта то паҳподҳо ва амалиёти киберӣ, густариш медиҳад.
Ба гузориши расонаҳо Сандерс пеш аз ин низ эълом карда буд, ки бо қонуне, ки дар Конгресс дар ҳоли баррасӣ аст ва сабаби нуфузи бештари Исроил дар маҷмааи низомӣ-саноатии Амрико мешавад, мухолифат хоҳад кард.
Ҳимоятҳои низомӣ ва таслиҳотии Амрико аз Исроил дар солҳои ахир ва ба вижа аз оғози ҷанги Ғазза, бо интиқодҳои густурдаи дохилӣ ва байналмилалӣ рӯбарӯ шудааст. Бархе намояндагони Конгресси Амрико низ хостори бознигарӣ дар созукори кумакҳои низомии Вашингтон ба Тел-Авив шудаанд.
Дар ҳамин замина, Томас Масси, намояндаи ҷумҳурихоҳи Конгресси Амрико, бо интиқод аз идомаи кумакҳои молӣ ба Исроил эълом кард, ки қатъи ин кумакҳо метавонад ба коҳиши танишҳои минтақавӣ ва тағйири рафтори Тел-Авив дар қиболи ҳамсоягонаш мусоидат кунад.
Бо ин ҳол, таҳлилгарон муътақиданд, ки ҳатто дар сурати қатъи кумакҳои мустақим, ҳамкориҳои стратегӣ, низомӣ ва фанноварӣ миёни Амрико ва Исроил дар қолабҳои нав идома хоҳад ёфт ва тавофуқи амниятии пас аз соли 2028 беш аз он ки ба маънои коҳиши ҳимояти Вашингтон бошад, нишондиҳандаи тағйири шакли ин ҳимоятҳо хоҳад буд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Иштироки Пешвои миллат дар Иди картошка
Конор Макгрегор: “Охирин муҳорибаамро ба таври шоиста мегузаронам”
Беларусия дар ҳукумати террористии Толибон сафир таъин кард
Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар оянда дар Тоҷикистон 900 миллион сармоягузорӣ мекунад