Раиси парлумони Туркманистон: Осиёи Марказӣ ба маркази муҳимми геополитикӣ ва иқтисодӣ табдил меёбад
Чин хостори густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Аврупо шуд
Лавров: “Агар Зеленский хоҳони дидор бо Путин бошад, бояд ба Маскав биёяд”
Хитоби Ироқчӣ ба Мертс: Дигар ҳеч мулоҳиза нахоҳем кард
Толибон шиори “Таҳсил, кор, озодӣ”-ро бо тирборон посух додаанд
Манбаъҳои маҳаллӣ дар Ҳироти Афғонистон ба расонаҳои ин кишвар гуфтаанд, ки шуморе аз бошандагони минтақаи Ҷабриёл бо роҳпаймоӣ дар кӯчаҳо шиори “Таҳсил, кор, озодӣ” баён кардаанд, ки бо тирборони неруҳои Толибон рӯбарӯ шудааст.
Расонаҳои Афғонистон рӯзи сешанбе, 9-уми июн бо такя ба манобеъи маҳаллии худ тасдиқ мекунанд, ки ин эътирозҳои мардумӣ бо саркӯби шадиди Талибон рӯбарӯ шудааст.
Навори нашршуда нишон медиҳад, ки занон шиор медиҳанд ва неруҳои Толибон онҳоро тирборон мекунанд.
Ин эътирозҳо пас аз чанд рӯзи боздошти занон аз сӯи намояндагони ниҳоди Амр ба маъруф ва наҳй аз мункари гурӯҳи террористии Толибон дар Ҳирот баргузор шуд.
Манбаъҳо, ҳамчунин, мегӯянд, ки Толибон барои пароканда кардани эътирозгарон ба тирандозии шадид даст задаанд.
Дар пайи ин тирандозиҳо, шуморе аз бошандагони минтақаи Ҷабриёл захмӣ шудаанд, аммо то кунун адади дақиқи кушташудаҳо ва захмиён маълум нест.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Иштироки Пешвои миллат дар Иди картошка
Конор Макгрегор: “Охирин муҳорибаамро ба таври шоиста мегузаронам”
Беларусия дар ҳукумати террористии Толибон сафир таъин кард
Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар оянда дар Тоҷикистон 900 миллион сармоягузорӣ мекунад