20 Сентябр 2026,
якшанбе, 20:56, Душанбе
09.06.2026 08:11

Фидон: “Сулҳ дар Украина барои амният ва суботи минтақа ҳаётӣ аст”

Ҳокон Фидон, вазири корҳои хориҷаи Туркия, таъкид кардааст, ки дастёбӣ ба сулҳ дар ҷанги Русия ва Украина барои амният ва суботи минтақа зарурӣ аст ва талошҳои дипломатӣ барои поён додан ба ин ҷанг бояд идома ёбад.

Фидон рӯзи душанбе, 8-уми июн пас аз даҳумин нишасти сеҷонибаи вазирони хориҷаи Туркия, Озарбойҷон ва Гурҷистон дар Истанбул, гуфтааст, ки идомаи ҷанг дар Украина ба гунаи мустақим бар амнияти минтақа таъсир мегузорад.

Ӯ афзудааст, ки Туркия сулҳ дар ҷанги Русия ва Украинаро барои субот ва амнияти минтақа ҳаётӣ медонад ва аз идомаи раванди дипломатӣ барои поён додан ба ин даргирӣ ҳимоят мекунад.

Вазири хориҷаи Туркия ҳамчунон нисбат ба бунбасти мавҷуд дар майдони набард ва раванди музокирот ибрози нигаронӣ карда ва гуфтааст, ки иқдомҳои тарафҳои даргир барои тағйири мувозинат ба суди худ, танишҳоро бештар кардааст.

Фидон дар бахши дигари суханонаш бар аҳамияти ҳамкориҳои минтақаӣ миёни Туркия, Озарбойҷон ва Гурҷистон таъкид карда ва гуфтааст, ки ин ҳамкориҳо ба тақвияти субот, амнияти энергетикӣ ва тавсеаи иқтисодӣ дар минтақа кумак кардааст.

Ӯ ҳамчунон аз раванди сулҳ миёни Озарбойҷон ва Арманистон ҳимоят карда ва ибрози умедворӣ кардааст, ки тавофуқи сулҳ миёни ду кишвар бидуни таъхир имзо шавад.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

19.09.2026 16:06

“Телеграф”: Эрон метавонад Амрикоро аз Ховари Миёна берун кунад

Дар як мақолаи таҳлилӣ дар рӯзномаи “Телеграф” гуфта мешавад, ки ҳамлаҳои густурдаи Эрон ба пойгоҳҳои Амрико дар Ховари Миёна метавонад ҳузури низомии Амрико дар ин минтақаро зери суол барад. Муаллифи мақолаи таҳлилӣ мегӯяд, Эрон бо ин роҳ метавонад Амрикоро аз минтақаи Ховари Миёна берун кунад.
19.09.2026 15:14

Намояндагони Осиёи Марказӣ дар Синин: шиносоӣ бо Чини муосир аз тариқи «Насли Z»

Дар шаҳри Синини музофоти Синхайи Чин барномаи табодулию омӯзишии «Насли Z»-и кишварҳои Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Дар он беш аз 40 намояндаи расонаҳо ва ҷавонони кишварҳои минтақа иштирок доранд.
19.09.2026 12:05

Вазирони кишварҳои Шанхай дар Душанбе дар бораи интиқоли молу коло ва густариши тиҷорат гуфтугӯ карданд

Вазирони иқтисод ва савдои кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай рӯзи 17-уми сентябр дар ҷаласаи 25-уми созмони мазкур роҳҳои густариши тиҷорат, сода кардани расмиёти гумрукӣ ва таҳким додани роҳҳои интиқоли молу колоро мавриди баррасӣ қарор доданд.
19.09.2026 08:21

“Бозиҳо душвор хоҳанд шуд”. Ҳайати мунтахаби Тоҷикистон барои бозиҳои дӯстона эълон шуд

Бинобар иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, ситоди мураббиёни мунтахаби Тоҷикистон бо роҳбарии Игор Ангеловский ҳайати дастаро барои бозиҳои дӯстонаи моҳҳои сентябр ва октябр эълон кард.
18.09.2026 18:38

Ду кӯдак бо дастони баста дар ғори Муъминобод пайдо шуданд

Сокинони як деҳа дар ноҳияи Муъминобод дар нисфи шаб бо як саҳнаи такондиҳанда рӯ ба рӯ шуданд. Онҳо ду кӯдаки хурдсолро бо дастони баста, дар як ғор, дар зери буттаҳо пайдо намуданд. Ин ду кӯдак иқрор намуданд, ки онҳоро дуздида, бо дастони баста дар ин ғор ҷо додаанд.
18.09.2026 18:29

“Санксияҳои амрикоӣ дар мекӯбанд?” Амрико аз кишварҳои Осиёи Марказӣ хост роҳи тиҷорат бо Эронро маҳдуд кунанд

Хабаргузории “Меҳр”-и Эрон бо такя ба манобеи иттилоотӣ навишт, ки мақомоти амрикоӣ дар тозатарин ҳаракати дипломатӣ аз кишварҳои Осиёи Марказӣ хостаанд, ки роҳи тиҷорат бо Эронро бибанданд. Ин хабаргузорӣ дар пасманзари ин пешниҳоди Амрико навишт: “Роҳи оҳан, шоҳроҳ, бандар, қубури газ ва масири транзитӣ дар як шаб бунёд намешавад. Барои ҳамин, агар Эрон барои минтақа фақат як бозори нисбатан хурд мебуд, ҷудо шудан аз он осонтар менамуд. Вақте сухан аз роҳи дастрасӣ ба баҳр ва бозорҳои ҷанубӣ меравад, масъала хеле мураккабтар мешавад”.
18.09.2026 14:04

Ба ҷои метро дар Душанбе роҳи оҳани шаҳрӣ. Тоҷикистон аз ширкатҳои кореягӣ хост дар ин тарҳ сармоягузорӣ кунанд

Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ширкатҳои Кореяи Ҷанубӣ даъват намуд, ки дар бунёди роҳи оҳани шаҳрии Душанбе, ки арзиши он беш аз як миллиард доллар аст, ширкат ва сармоягузорӣ кунанд.