Низомиёни Русия дар Хатлон роҳи мошингардро аз сел тоза карданд
Беларусия дар ҳукумати террористии Толибон сафир таъин кард
Раиси парлумони Туркманистон: Осиёи Марказӣ ба маркази муҳимми геополитикӣ ва иқтисодӣ табдил меёбад
Чин хостори густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Аврупо шуд
Як мақоми исроилӣ аз таваққуфи ҳамлаҳо бар Эрон хабар додааст
Расонаҳои байналмилалӣ хабар додаанд, ки Исроил, ҳамлаҳои ҳавоии худро бар Эрон, ба дархости Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико, мутаваққиф кардааст.
“Ал-Ҷазира”, соате пеш (8-уми июн), гузориш додааст, ки ин мавзеъро як мақоми исроилӣ баён кардааст.
Бар асоси гузориш, як мақоми исроилӣ, ки номаш фош нашуда, гуфтааст, ҳамлаҳо ба Эрон, ба дархости Трамп, мутаваққиф шудааст.
Ин мақоми исроилӣ афзудааст, ки агар ҳамлаҳои Ҳизбуллоҳ ба шаҳрҳои Исроил идома ёбад, Исроил ба ҷанубии Бейрут ҳамла хоҳад кард.
Ба дунболи ҳамлаҳои мушакии Эрон ба Исроил, Доналд Трамп, ба расонаҳои байналмилалӣ гуфта буд, ки аз Бинёмин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил мехоҳад, ки ба ҳамлаҳои Эрон посух надиҳад.
Барак Ровид, хабарнигори “Аксиос”, ба нақл аз Трамп, дар “Х” навиштааст, ки ӯ ба дастёбӣ ба тавофуқе бо Эрон барои поёни доимии ҷанг “бисёр наздик” шуда ва намехоҳад раванди дипломатӣ ба далели ҳамлаҳои охири Эрон ба Исроил аз байн биравад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Қариб як сол дер. Санаи баргузории Ҷоми Осиё-2027 тағйир ёфт
Артиши Эрон ҳушдор дод: агар Амрико ҳамла кунад, посухи Эрон аз Ғарби Осиё фаротар меравад
Сафири Тоҷикистон хостори густариши сармоягузории Покистон дар Тоҷикистон шуд
Низомиёни Русия дар Хатлон роҳи мошингардро аз сел тоза карданд