Низомиёни Русия дар Хатлон роҳи мошингардро аз сел тоза карданд
Беларусия дар ҳукумати террористии Толибон сафир таъин кард
Раиси парлумони Туркманистон: Осиёи Марказӣ ба маркази муҳимми геополитикӣ ва иқтисодӣ табдил меёбад
Чин хостори густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Аврупо шуд
Фидон: “Омодаи кумак ба поксозии мина дар тангаи Ҳурмуз ҳастем”
Ҳокан Фидон, вазири корҳои хориҷаи Туркия, эълом кардааст, ки ин кишвар дар сурати дархости тарафҳои даргир, омодаи кумак ба амалиёти поксозии мина дар тангаи Ҳурмуз хоҳад буд ва ҳамзамон бар аҳамияти бозгушоии ин оброҳи стратегӣ таъкид кардааст.
Фидон рӯзи якшанбе, 7-уми июн, дар мусоҳиба бо шабакаи телевизионии “Ҷи-ти-би-сӣ” дар ҷараёни сафараш ба Кореяи Ҷанубӣ гуфтааст, ки агар аз Туркия хоста шавад дар раванди поксозии мина мушорикат кунад, Анқара бо камоли майл омодаи ҳамкорӣ хоҳад буд.
Ӯ афзудааст, ки Туркия дар ҳалли муноқишаҳои минтақаӣ, аз ҷумла дар ҷанги Русия ва Украина, рӯйкарди усулӣ дорад ва замоне, ки тарафҳои даргир ба тавофуқ бирасанд, ин кишвар омодагӣ дорад нақши ҳимоятӣ ифо кунад.
Вазири хориҷаи Туркия дар бахши дигари суханони худ гуфта, ки бозгушоии тангаи Ҳурмуз дар шароити кунунӣ аз мавзуи ҳастаӣ низ фавритар аст ва паёмадҳои баста мондани ин оброҳ метавонад таъсироти густурдае бар иқтисод ва амнияти ғизоии ҷаҳон дошта бошад.
Ӯ ҳамчунон нисбат ба раванди музокирот изҳори хушбинӣ карда ва гуфтааст, ки ҳар ду тараф, Амрико ва Эрон, ба коҳиши таниш тамоюл доранд ва гуфтугӯҳо дар масири расидан ба як чаҳорчӯби муштарак қарор дорад.
Ӯ дар идома аз монеъа эҷод кардани Исроил дар раванди музокирот хостори фишори ҷомеаи ҷаҳонӣ бар ин кишвар барои ҳимоят аз раванди дипломатия шудааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Қариб як сол дер. Санаи баргузории Ҷоми Осиё-2027 тағйир ёфт
Артиши Эрон ҳушдор дод: агар Амрико ҳамла кунад, посухи Эрон аз Ғарби Осиё фаротар меравад
Сафири Тоҷикистон хостори густариши сармоягузории Покистон дар Тоҷикистон шуд
Низомиёни Русия дар Хатлон роҳи мошингардро аз сел тоза карданд