Раиси парлумони Туркманистон: Осиёи Марказӣ ба маркази муҳимми геополитикӣ ва иқтисодӣ табдил меёбад
Чин хостори густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Аврупо шуд
Лавров: “Агар Зеленский хоҳони дидор бо Путин бошад, бояд ба Маскав биёяд”
Хитоби Ироқчӣ ба Мертс: Дигар ҳеч мулоҳиза нахоҳем кард
Сентком ҳадаф қарор гирифтани киштии амрикоӣ дар баҳри Умон аз ҷониби Эронро рад кард
Фармондеҳии марказии Иёлоти Муттаҳида (Сентком) ҳадаф қарор гирифтани як киштии низомии ИМА дар баҳри Умон аз ҷониби Ҷумҳурии Исломии Эронро рад кардааст.
"Ал-Ҷазира" рӯзи панҷшанбе, 4-уми июн, гузориш додааст, ки Сентком бо нашри паём гуфтааст, ки "Эрон дурӯғ мегӯяд".
Ин вокуниш пас аз он баён шудааст, ки мақомҳои эронӣ гуфтаанд, қувваҳои кишварашон як киштии низомии ИМА-ро ҳангоми наздик шудан ба обҳои заминиаш дар баҳри Умон ҳадаф қарор додаанд.
Сентком инро рад карда, ҷузъиёти бештар дар бораи вазъи киштиҳои амрикоӣ дар минтақа надодааст.
Ин изҳорот дар ҳолест, ки танишҳо миёни Эрон ва ИМА ҳамчунон идома доранд ва ду тараф дар рӯзҳои охир назарҳои мутафовит дар бораи таҳаввулоти низомӣ ва амниятии минтақа баён кардаанд.
Доналд Трамп, раиси ҷумҳури ИМА, гуфтааст, ки музокирот миёни Вашингтон ва Теҳрон "бисёр хуб" пеш меравад ва эҳтимоли дастёбӣ ба созиш дар рӯзҳои оянда вуҷуд дорад.
Сайид Аббос Ироқчӣ, вазири корҳои хориҷаи Эрон, гуфтааст, ки тамоси Теҳрон бо Вашингтон қатъ нашудааст ва алоқаҳо миёни ду тараф идома доранд.
Dialog.TJ
Хатти хабарҳо
Иштироки Пешвои миллат дар Иди картошка
Конор Макгрегор: “Охирин муҳорибаамро ба таври шоиста мегузаронам”
Беларусия дар ҳукумати террористии Толибон сафир таъин кард
Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар оянда дар Тоҷикистон 900 миллион сармоягузорӣ мекунад