Раиси парлумони Туркманистон: Осиёи Марказӣ ба маркази муҳимми геополитикӣ ва иқтисодӣ табдил меёбад
Чин хостори густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Аврупо шуд
Лавров: “Агар Зеленский хоҳони дидор бо Путин бошад, бояд ба Маскав биёяд”
Хитоби Ироқчӣ ба Мертс: Дигар ҳеч мулоҳиза нахоҳем кард
Рубио: "Трамп дар муҳимтарин нишасти НАТО дар Туркия ширкат хоҳад кард"
Марко Рубио, вазири корҳои хориҷаи Амрико гуфтааст, Доналд Трамп, раиси ҷумҳури ин кишвар дар нишасти сарони НАТО, ки моҳи июл дар Анқара баргузор мешавад, ширкат хоҳад кард.
Рубио рӯзи чоршанбе, 3-уми июн, гуфтааст, ки ин нишаст "муҳимтарин ҷаласа дар таърихи НАТО" хоҳад буд, зеро ба гуфтаи ӯ, "бархе масоил вуҷуд дорад, ки бояд равшан ва ислоҳ шаванд".
Ӯ дар нишасти кумитаи равобити хориҷаи Маҷлиси намояндагони Амрико гуфтааст: "Иёлоти Муттаҳида ҳамчунон узви НАТО аст ва дар ин нишаст ҳузур хоҳад дошт".
Вазири корҳои хориҷаи Амрико афзудааст, ки бо вуҷуди идомаи узвияти Вашингтон дар НАТО, ин созмон ба "тағйироти қобили таваҷҷуҳ" ниёз дорад ва ин мавзуъ дар нишасти 7-ум ва 8-уми июл дар пойтахти Туркия мавриди баҳс қарор хоҳад гирифт.
Дар ҳамин ҳол, Ҳокан Фидан, вазири корҳои хориҷаи Туркия, низ рӯзи сешанбе гуфта буд, ки Трамп ният дорад дар нишасти НАТО ширкат кунад.
Ба гуфтаи Фидан, Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раисҷумҳури Туркия, моҳи гузашта чандин бор бо Трамп гуфтугӯи телефонӣ дошт ва раисҷумҳури Амрико дар ҳар тамос ба ҳузури худ дар ин нишаст таъкид кардааст.
Фидан ҳамчунин, гуфтааст, ки бо вуҷуди бархе изҳороти сиёсӣ, ҳеч нишонае аз хуруҷи Амрико аз НАТО вуҷуд надорад ва Вашингтон ҳамчунон ба ин иттиҳод пойбанд аст.
Ӯ афзудааст, ки Амрико аз муттаҳидони худ мехоҳад хароҷоти дифоиро афзоиш диҳанд ва масъулияти бештар дар таъмини амнияти худ бар уҳда бигиранд.
Dialog.TJ
Хатти хабарҳо
Иштироки Пешвои миллат дар Иди картошка
Конор Макгрегор: “Охирин муҳорибаамро ба таври шоиста мегузаронам”
Беларусия дар ҳукумати террористии Толибон сафир таъин кард
Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар оянда дар Тоҷикистон 900 миллион сармоягузорӣ мекунад