3 Ноябр 2026,
сешанбе, 14:15, Душанбе
04.06.2026 09:04

Ироқчӣ: "Неруҳои мусаллаҳи Эрон дар ҳоли анҷоми ҳамлаҳои дифоӣ ҳастанд"

Саид Аббос Ироқчӣ, вазири корҳои хориҷаи Эрон, эълон кардааст, ки неруҳои мусаллаҳи ин кишвар дар ҳоли анҷоми ҳамлаҳои дифоӣ ба ҳадафҳое ҳастанд, ки ба гуфтаи ӯ Иёлоти Муттаҳида аз онҳо барои ҳамла ба киштиҳои ғайринизомӣ ва нақзи оташбас истифода мекунад.

Ироқчӣ рӯзи 3-уми июн дар саҳифааш дар шабакаи иҷтимоии "Х" навиштааст, ки ин ҳамлаҳо дар чорчӯби дифоъ аз худ анҷом мешаванд ва Эрон ба он чӣ "нақзи оташбас" номидааст, посух додааст.

Ӯ ҳушдор додааст, ки ҳар гуна иқдоми душманона бо посухи "фаврӣ ва қатъӣ" рӯбарӯ хоҳад шуд.

Вазири хориҷаи Эрон, инчунин, таъкид кардааст, фишорҳои бештар наметавонанд ҳадафҳоеро, ки ба гуфтаи ӯ таҳримҳо ва ҷанг дар дастёбӣ ба онҳо ноком мондаанд, амалӣ кунанд.

Dialog.TJ

Хатти хабарҳо

03.11.2026 13:57

Артиши Эрон ҳушдор дод: агар Амрико ҳамла кунад, посухи Эрон аз Ғарби Осиё фаротар меравад

Муҳаммад Акраминиё, сухангӯи артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт, дар сурати ҳамлаи дубораи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Эрон бо вокуниши фаврӣ, шадидтар ва густурдатар аз гузашта посух хоҳад дод.
03.11.2026 13:49

Сафири Тоҷикистон хостори густариши сармоягузории Покистон дар Тоҷикистон шуд

Шарифзода Юсуф Тоир, Сафири Тоҷикистон дар Покистон дар суҳбат бо расонаҳои покистонӣ хостори тақвияти ҳамкориҳои иқтисодӣ, густариши тиҷорати дуҷониба ва афзоиши сармоягузорӣ дар миёни Тоҷикистон ва Покистон шудааст.
03.11.2026 13:12

Тоҷикистон бо Лаос дар бораи ҳамкориҳои дуҷониба гуфтугӯ кард

Рӯзи 2-юми ноябр намояндагони Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии халқӣ-демократии Лаос дар шаҳри Вентян масъалаҳои таҳкими муколамаи байниҳукуматӣ, рушди робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва ҳамкориҳои фарҳангиро баррасӣ намуданд.
02.11.2026 13:26

Зиёда аз 54 километр. Сохтмони роҳи автомобилгарди «Балҷувон – Сари Хосор» оғоз мегардад

Миёни Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ваширкати «Нанҷинг Коммуникейшн Инҷиниринг Компани Лимитед» оид ба сохтмони роҳи автомобилгарди «Балҷувон – Сари Хосор» қарордод ба имзо расид.
02.11.2026 11:24

Корхонаи коркарди меваю сабзавот, нӯшокиҳои ташнагишикан ва афшураҳои мева мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд

1-уми ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корхонаи коркарди меваю сабзавот, истеҳсоли нӯшокиҳои ташнагишикан ва афшураҳои мевагии ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Сирдарёро ба истифода доданд.
02.11.2026 10:43

Сарвари давлат бинои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғдро ифтитоҳ намуданд

1-уми ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кӯчаи Камоли Хуҷандии шаҳри Хуҷанд бинои кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷандро ифтитоҳ намуданд.
02.11.2026 10:25

Даври чоруми бақайдгирии довталабон оғоз шуд. Киҳо метавонанд донишҷӯ бишаванд?

Имрӯз, 2-юми ноябр даври чоруми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон (ИМД) оғоз гардид.