Низомиёни Русия дар Хатлон роҳи мошингардро аз сел тоза карданд
Беларусия дар ҳукумати террористии Толибон сафир таъин кард
Раиси парлумони Туркманистон: Осиёи Марказӣ ба маркази муҳимми геополитикӣ ва иқтисодӣ табдил меёбад
Чин хостори густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Аврупо шуд
Гросси: "Агентии байналмилалии энергияи атомӣ ба Имороти Муттаҳида кумаки техникӣ мерасонад"
Агентии байналмилалии энергияи атомӣ (IAEA) эълом кардааст, ки пас аз ҳамлаи паҳподӣ ба як неругоҳи атомӣ дар Имороти Муттаҳидаи Араб, ба ин кишвар кумаки техникӣ ва дастгирии марбут мерасонад.
Рафаэл Гросси мудири кулли ин агентӣ, рӯзи сешанбе, 2-уми июн, пас аз боздид аз неругоҳи атомии Барака гуфтааст, ки мақомоти иморотӣ пас аз ҳамла ба зудӣ вокуниш нишон дода, ба далели аз даст рафтани барқи беруна, яке аз реакторҳоро қатъ кардаанд.
Ба гуфтаи Гросси, ин неругоҳ, ки нахустин неругоҳи атомии тиҷоратӣ дар ҷаҳони араб ба шумор меравад, моҳи гузашта ҳадафи ҳамлаи паҳподӣ қарор гирифтааст, ки мақомоти Иморот онро ба партоб аз хоки Ироқ нисбат додаанд.
Ӯ афзудааст, ки яке аз паҳподҳо ба як генератори барқ дар берун аз ҳудуди дохилии неругоҳ бархӯрдааст ва ду паҳподи дигар тавассути системаҳои дифоии Иморот боздошт шудаанд.
Мудири кулли Агентии байналмилалии энергияи атомӣ гуфтааст, ки раванди таъмир ва барқарорсозии бахшҳои осебдида оғоз шуда ва эҳтимолан чанд ҳафта вақт лозим аст.
Ба гуфтаи ӯ, илова бар таъмири фаннӣ, нигоҳдории як хатти барқи беруна низ зарур аст.
Мақомоти Иморот пештар таъкид карда буданд, ки неругоҳи Барака пас аз ҳамла дар вазъияти амн қарор дорад ва ҳеч маводи радиоактивӣ дар натиҷаи ин рӯйдод паҳн нашудааст.
Dialog.TJ
Хатти хабарҳо
Қариб як сол дер. Санаи баргузории Ҷоми Осиё-2027 тағйир ёфт
Артиши Эрон ҳушдор дод: агар Амрико ҳамла кунад, посухи Эрон аз Ғарби Осиё фаротар меравад
Сафири Тоҷикистон хостори густариши сармоягузории Покистон дар Тоҷикистон шуд
Низомиёни Русия дар Хатлон роҳи мошингардро аз сел тоза карданд