17 Сентябр 2026,
панҷшанбе, 13:54, Душанбе
03.06.2026 10:00

Марди амрикоӣ шаш узви хонаводаашро кушт ва пас аз он худкушӣ кард

Расонаҳои байналмилалӣ гузориш додаанд, ки як мард дар шаҳри Маскатини иёлати Айоваи Амрико шаш узви хонаводаашро кушта, пас аз он худкушӣ кардааст.

"Рейтерз" шаби сешанбе, 2-уми июн гузориш додааст, таҳқиқоти ибтидоии полис нишон медиҳад, ки ин рӯйдод дар пайи як ихтилофи оилавӣ рух додааст.

Мақомоти полис гуфтаанд, ки чор нафари қурбонӣ дар як хона ва ду нафари дигар дар ҷойҳои ҷудогона ҳадафи тирборон қарор гирифтаанд.

Ба гуфтаи полис, гумонбар Райан Уиллис Макфарланди 52-сола, буд, ки пас аз шиносоӣ аз ҷониби неруҳои амниятӣ, ба ҳаёти худ поён додааст.

Мақомоти маҳаллӣ афзудаанд, ки ҳамаи қурбониён аз аъзои хонаводаи қотил буданд, аммо шахсияташон то ҳол эълон нашудааст.

Бар асоси гузориш, дастикам ду нафари қурбонӣ кӯдак буданд.

Ин дар ҳолест, ки рӯйдодҳои тирборонии марговар ҳамчунон аз мушкилоти ҷиддии амниятӣ дар ИМА маҳсуб мешаванд.

Dialog.TJ

Хатти хабарҳо

17.09.2026 11:09

Суҳбати Масъуд Пизишкиён дар “Индиа тудей”: бо кишварҳои минтақа мушкил надорем, бо пойгоҳҳои Амрико мушкил дорем

Масъуд Пизишкиён дар ҳошияи нишасти сарони кишварҳои узви БРИКС бо шабакаи хабарии “Индиа тудей” (India Today) суҳбат кард. Президенти Эрон бо ишора ба робитаҳои таърихиву фарҳангии Эрону Ҳиндустон аз беҳтар шудани муносибатҳо бо сарвазири Ҳиндустон ва аҳамияти Чобаҳор ба ҳайси чорроҳи транзитии минтақа сухан гуфт. Ӯ БРИКС-ро абзоре барои муқобила бо якҷонибагароии Амрико ва таҳримҳои якҷониб номид ва хостори ҳамкории мустақили кишварҳои узв дар самти тиҷорат, сармоягузорӣ ва амнияти минтақавӣ шуд. Дар зер мо мухтасари суҳбати ӯ бо хабарнигори “Индиа тудей”-ро меорем:
17.09.2026 11:08

Президенти кишвар бо раиси Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Корея Чо Ҷон Сик мулоқот намуданд

Имрӯз, 17-уми сентябр дар доираи сафари расмӣ дар Ҷумҳурии Корея Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо раиси Маҷлиси миллии ин кишвар Чо Ҷон Сик мулоқот намуданд.
17.09.2026 11:07

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо вазири адлия ва масъалаҳои ҳуқуқии Салтанати Умон

Дар шаҳри Масқат мулоқоти сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон Зубайдулло Зубайдзода бо вазири адлия ва масъалаҳои ҳуқуқии Салтанати Умон доктор Абдуллоҳ ибни Муҳаммад ибни Саид Ас-Саидӣ баргузор гардид.
17.09.2026 11:06

Вазири кишоварзӣ бо сафири Беларус дар Тоҷикистон масъалаи рушди тухмипарварӣ ва чорводориро баррасӣ карданд

16-уми сентябр вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбон Ҳакимзода бо сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Беларус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Александр Худолеев мулоқот намуд.
17.09.2026 08:37

Пешвои миллат бо унвони Доктори фахрии Донишгоҳи Корея сарфароз гардонда шуданд

17-уми сентябр дар доираи сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Корея Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Донишгоҳи Корея бо устодону донишҷӯён мулоқоти самимӣ анҷом доданд.
17.09.2026 08:26

Лавров: “Агар Аврупо ба Русия ҳамла кунад ҷанг комилан дигар ва хеле кӯтоҳ хоҳад буд”

Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии Русия бо ишора ба он ки Маскав қасди ҳамла ба кишварҳои аврупоиро надорад, гуфт, ки дар сурати ҳамлаи Аврупо ба Русия ҷанг “комилан дигар” ва “хеле кӯтоҳ” хоҳад буд.
17.09.2026 06:48

“Фокс Нюс”: Эрон ба як киштии Амрико дар Ҳурмуз ҳамла кард

Шабакаи хабарии “Фокс Нюс” (Fox News) хабар дод, ки рӯзи 16-уми сентябр Эрон ба як киштии Амрико дар наздикии гузаргоҳи Ҳурмуз ҳамлаи паҳподӣ ва мушакӣ анҷом дод. Ин расона иттилоъ дод, ки дар ҳамла чор паҳпод ва як мушаки эронӣ истифода шудааст.