Раиси парлумони Туркманистон: Осиёи Марказӣ ба маркази муҳимми геополитикӣ ва иқтисодӣ табдил меёбад
Чин хостори густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Аврупо шуд
Лавров: “Агар Зеленский хоҳони дидор бо Путин бошад, бояд ба Маскав биёяд”
Хитоби Ироқчӣ ба Мертс: Дигар ҳеч мулоҳиза нахоҳем кард
Шумораи мубталоёни Эбола дар Конго ба 282 нафар расид
Мақомҳои тандурустии Ҷумҳурии Демократии Конго хабар доданд, ки шумораи мавридҳои тасдиқшудаи гирифторӣ ба бемории Эбола дар ин кишвар ба 282 нафар расидааст.
"Рейтерз" (Reuters) шаби якшанбе, 31-уми май, бо такя ба мақомҳои тандурустӣ гузориш додааст, ки ин рақам пас аз сабти 19 мавриди нави мусбат дар санҷишҳои охирин ба қайд гирифта шудааст.
Бар асоси гузориш, 264 маврид дар Итури, 15 маврид дар Норд-Киву ва се мавриди дигар дар Ҷануби Киву сабт шудааст.
Ҳамчунин, гуфта шудааст, ки аз миёни мавридҳои тасдиқшуда, 42 нафар ҷон бохтаанд.
Қаблан, ниҳодҳои тандурустии байналмилалӣ нисбати эҳтимоли паҳншавии бемориҳои сироятӣ дар бархе минтақаҳои Африқо ҳушдор дода, бар тақвияти низомҳои тандурустӣ ва назорати эпидемиологӣ таъкид карда буданд.
Эбола яке аз бемориҳои вирусии хеле хатарнок ва марговар мебошад, ки дар гузашта низ дар чанд кишварҳои африқоӣ боиси талафоти густурдаи инсонӣ шуда буд.
Dialog.TJ
Хатти хабарҳо
Иштироки Пешвои миллат дар Иди картошка
Конор Макгрегор: “Охирин муҳорибаамро ба таври шоиста мегузаронам”
Беларусия дар ҳукумати террористии Толибон сафир таъин кард
Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар оянда дар Тоҷикистон 900 миллион сармоягузорӣ мекунад