Ҳусиҳои Яман: касе, ки “пардаи Каъба”-ро ба Эпштейн ҳадя дод, душмани муқаддасоти исломӣ аст
Лавров: “Агар Аврупо ба Русия ҳамла кунад ҷанг комилан дигар ва хеле кӯтоҳ хоҳад буд”
Корҳои сохтмони лӯлаи гази ТАПИ дар Ҳирот 80 дарсад иҷро шудаанд
Ҷангандаи F-15-и Арабистони Саудӣ дар осмони Яман сарнагун шуд
01.06.2026 08:48
Трамп: "Мо ба созиши хеле хуб бо Эрон наздик шудем, аммо таъҷил надорам"
Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико иддао кардааст, ки ба даст ёфтан ба як "созиши хеле хуб" бо Эрон наздик шудааст, аммо барои ниҳоӣ шудани ин созиш таъҷил надорад.
"Аксиос" (Axios) шаби якшанбе, 31-уми май, гузориш додааст, ки Трамп дар як нишасти баландпоя рӯзи ҷумъа хостааст чанд тағйир ва танзим дар муқаррароти ин созиш ворид шавад.
Трамп дар суҳбат бо шабакаи "Фокс Нюз" гуфтааст: "Мо ба оромӣ ба он чизе, ки мехоҳем, мерасем. Онҳо музокиротчиёни хеле сарсахт ҳастанд ва ин раванд вақти зиёд мехоҳад. Ман ҳеч таъҷил надорам".
Бар асоси гузориш, музокирот миёни Вашингтон ва Теҳрон идома дорад ва ду тараф талош доранд, бар сари ихтилофҳои боқимонда ба созиш расанд.
Dialog.TJ
Хатти хабарҳо
17.09.2026 11:09
Суҳбати Масъуд Пизишкиён дар “Индиа тудей”: бо кишварҳои минтақа мушкил надорем, бо пойгоҳҳои Амрико мушкил дорем
Масъуд Пизишкиён дар ҳошияи нишасти сарони кишварҳои узви БРИКС бо шабакаи хабарии “Индиа тудей” (India Today) суҳбат кард. Президенти Эрон бо ишора ба робитаҳои таърихиву фарҳангии Эрону Ҳиндустон аз беҳтар шудани муносибатҳо бо сарвазири Ҳиндустон ва аҳамияти Чобаҳор ба ҳайси чорроҳи транзитии минтақа сухан гуфт. Ӯ БРИКС-ро абзоре барои муқобила бо якҷонибагароии Амрико ва таҳримҳои якҷониб номид ва хостори ҳамкории мустақили кишварҳои узв дар самти тиҷорат, сармоягузорӣ ва амнияти минтақавӣ шуд. Дар зер мо мухтасари суҳбати ӯ бо хабарнигори “Индиа тудей”-ро меорем:
17.09.2026 11:08
Президенти кишвар бо раиси Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Корея Чо Ҷон Сик мулоқот намуданд
Имрӯз, 17-уми сентябр дар доираи сафари расмӣ дар Ҷумҳурии Корея Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо раиси Маҷлиси миллии ин кишвар Чо Ҷон Сик мулоқот намуданд.
17.09.2026 11:07
Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо вазири адлия ва масъалаҳои ҳуқуқии Салтанати Умон
Дар шаҳри Масқат мулоқоти сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон Зубайдулло Зубайдзода бо вазири адлия ва масъалаҳои ҳуқуқии Салтанати Умон доктор Абдуллоҳ ибни Муҳаммад ибни Саид Ас-Саидӣ баргузор гардид.
17.09.2026 11:06
Вазири кишоварзӣ бо сафири Беларус дар Тоҷикистон масъалаи рушди тухмипарварӣ ва чорводориро баррасӣ карданд
16-уми сентябр вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбон Ҳакимзода бо сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Беларус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Александр Худолеев мулоқот намуд.
17.09.2026 08:37
Пешвои миллат бо унвони Доктори фахрии Донишгоҳи Корея сарфароз гардонда шуданд
17-уми сентябр дар доираи сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Корея Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Донишгоҳи Корея бо устодону донишҷӯён мулоқоти самимӣ анҷом доданд.
17.09.2026 08:35
Ҳусиҳои Яман: касе, ки “пардаи Каъба”-ро ба Эпштейн ҳадя дод, душмани муқаддасоти исломӣ аст
Намояндаи ҳусиҳои Яман дар пайи изҳороти мақомоти Арабистони Саудӣ, ки гуфта буданд, ҳусиҳо ба макони муқаддаси Макка ҳамла намуданд, посух дод.
17.09.2026 08:26
Лавров: “Агар Аврупо ба Русия ҳамла кунад ҷанг комилан дигар ва хеле кӯтоҳ хоҳад буд”
Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии Русия бо ишора ба он ки Маскав қасди ҳамла ба кишварҳои аврупоиро надорад, гуфт, ки дар сурати ҳамлаи Аврупо ба Русия ҷанг “комилан дигар” ва “хеле кӯтоҳ” хоҳад буд.
17.09.2026 08:16
Тоҷикистон ва Беларусия барои мубориза бо коррупсия санади нави ҳамкорӣ имзо карданд
Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Беларусия бо имзои як тавофуқномаи нав мехоҳанд ҳамкориҳои худ дар мубориза бо коррупсияро густариш диҳанд.
17.09.2026 07:06
Ҳамлаи мушакии ҳусиҳои Яман ба як ширкати нафт ва пойгоҳи ҳавоии Арабистони Саудӣ
Неруҳои мусаллаҳи ҳусиҳои Яман ба ширкати нафти Амрико ва Пойгоҳи ҳавоии “Хамис-мушайт”-и Арабистони Саудӣ ҳамла кардаанд.
17.09.2026 06:58
Амрико барои боздоштани як ҳамлаи Эрон 80 мушак истифода кард
Иёлоти Муттаҳидаи Амрико барои боздоштани як ҳамлаи мушакии Эрон ба пойгоҳаш дар Урдун 80 мушаки зиддиҳавоӣ партоб кардааст.
17.09.2026 06:48
“Фокс Нюс”: Эрон ба як киштии Амрико дар Ҳурмуз ҳамла кард
Шабакаи хабарии “Фокс Нюс” (Fox News) хабар дод, ки рӯзи 16-уми сентябр Эрон ба як киштии Амрико дар наздикии гузаргоҳи Ҳурмуз ҳамлаи паҳподӣ ва мушакӣ анҷом дод. Ин расона иттилоъ дод, ки дар ҳамла чор паҳпод ва як мушаки эронӣ истифода шудааст.
16.09.2026 16:13
Пажӯҳишгари покистонӣ: “Свотиҳо аз назари генетикӣ тоҷиканд”
Ориф Ҳасан Охундзода яке аз пажӯҳишгаронест, ки насаби худро ба тоҷикон пайванд медиҳад ва мегӯяд, ки қавми свотиҳо аз назари генетикӣ тоҷиканд ва дар Покистон зиндагӣ мекунанд.