Раиси парлумони Туркманистон: Осиёи Марказӣ ба маркази муҳимми геополитикӣ ва иқтисодӣ табдил меёбад
Чин хостори густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Аврупо шуд
Лавров: “Агар Зеленский хоҳони дидор бо Путин бошад, бояд ба Маскав биёяд”
Хитоби Ироқчӣ ба Мертс: Дигар ҳеч мулоҳиза нахоҳем кард
18 мусофири мошини ҳомили хонаводаҳои бозгашта аз Покистон дар Лағмони Афғонистон ҷон бохтаанд
Гурӯҳи террористии Толибон эълом кардаанд, ки дар як ҳодисаи нақлиётӣ дар вилояти Лағмон, 18 нафар аз мусофирони мошини ҳомили хонаводаҳои бозгашта аз Покистон ҷон бохтаанд.
Хабаргузории "8-и субҳ"-и Афғонистон бо истинод аз хабаргузории “Бохтар”, ки таҳти назорати Толибон қарор дорад, рӯзи шанбе, 30-уми май гузориш додааст, ки дар ин ҳодиса 18 нафар, аз ҷумла панҷ зан ва 10 кӯдак, ҷон бохта ва 29 нафари дигар захмӣ шудаанд.
Намояндаи Толибон дар вилояти Лағмон гуфтааст, ки субҳи имрӯз як мошини навъи “лорӣ”, ки хонаводаҳои бозгашта аз Покистонро интиқол медод, дар вулусволии (ноҳияи) Қарғию аз роҳ берун шуда, чаппа гардидааст.
Толибон ҳамчунин, гуфтаанд, ки захмиёни ин ҳодиса барои табобат ба бемористони вилоятии Нангарҳор интиқол дода шудаанд.
Бар асоси гузориш, масъулони соҳаи тандурустӣ мегӯянд, ки вазъи саломатии шуморе аз захмиён бад арзёбӣ шудааст.
Хатти хабарҳо
Иштироки Пешвои миллат дар Иди картошка
Конор Макгрегор: “Охирин муҳорибаамро ба таври шоиста мегузаронам”
Беларусия дар ҳукумати террористии Толибон сафир таъин кард
Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар оянда дар Тоҷикистон 900 миллион сармоягузорӣ мекунад