Раиси парлумони Туркманистон: Осиёи Марказӣ ба маркази муҳимми геополитикӣ ва иқтисодӣ табдил меёбад
Чин хостори густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Аврупо шуд
Лавров: “Агар Зеленский хоҳони дидор бо Путин бошад, бояд ба Маскав биёяд”
Хитоби Ироқчӣ ба Мертс: Дигар ҳеч мулоҳиза нахоҳем кард
Русия ва Толибон дар бахши низомӣ ва техникӣ созишномаи ҳамкорӣ имзо карданд
Хабаргузории “Интерфакс” рӯзи чаҳоршанбе, 27-уми май гузориш додааст, ки ин созишнома дар ҷараёни Маҷмаи байналмилалии амният дар Маскав ба имзо расидааст.
Бар асоси гузориш, Муҳаммад Яъқуб Муҷоҳид, вазири дифои гурӯҳи террористии Толибон дар ҳошияи ин нишаст бо Сергей Шойгу, дабири Шурои амнияти Русия дидор кардааст.
Яъқуб дар ин дидор гуфтааст, ки ҳамкорӣ бо Русия барои Толибон аҳамият дорад ва ду тараф равобити дуҷонибаи худро густариш додаанд.
Вай афзудааст, ки Афғонистон ва Русия равобити таърихӣ доранд ва Толибон хоҳони идомаи ин равобит ва таҳкими он ҳастанд.
Сергей Шойгу низ дар ин дидор аз кишварҳои ғарбӣ хостааст, ки дороиҳои басташудаи Афғонистонро озод кунанд ва масъулияти бозсозии ин кишварро ба дӯш гиранд.
Ин дар ҳолест, ки Шойгу пештар дар нишасти дабирони шуроҳои амнияти кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай дар Бишкек гуфта буд, ки Русия бо раҳбарии Толибон гуфтугӯи “амалӣ”-ро барқарор кардааст.
Вай ҳамчунин, таъкид карда буд, ки Маскав пас аз ба расмият шинохтани Толибон дар соли 2025, дар ҳоли густариши ҳамкорӣ бо ин гурӯҳ дар бахшҳои амниятӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ мебошад.
Тавофуқномаҳои низомӣ ва техникӣ одатан ҳамкорӣ дар бахшҳои силоҳ, технологияҳои низомӣ ва лоиҳаҳои муштараки дифоиро дар бар мегиранд.
Русия пас аз хуруҷи нерӯҳои Иёлоти Муттаҳида аз Афғонистон дар соли 2021 яке аз аввалин кишварҳо буд, ки равобити худро бо гурӯҳи террористии Толибон густариш дод ва бо ин амал ба интиқодҳои шадиди ҷомеаи байналмилал рӯбарӯ шуд.
Прокуратураи генералии Русия дар соли 2025 маҳдудияти фаъолияти Толибонро муваққатан лағв кард ва пас аз он, Маскав Толибонро ба расмият шинохт.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Иштироки Пешвои миллат дар Иди картошка
Конор Макгрегор: “Охирин муҳорибаамро ба таври шоиста мегузаронам”
Беларусия дар ҳукумати террористии Толибон сафир таъин кард
Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар оянда дар Тоҷикистон 900 миллион сармоягузорӣ мекунад